Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Подшоҳ бо садои баланд:
— Хайрӣ!!! — гӯён дод зад.
Агар дар ҳамин ҷо, дар сари газаби подшоҳ духтараш меомад, сарашро аз танаш ҷудо мекард. Рӯзаш, ки буд нашуда будааст, духтар аз пешаш намебарояд. Зани подшоҳ ларзида, тарсида, пештар омада мепурсад:
— Тасаддуқи шумо шавам, чӣ гап?
— Ин хел фарзанде, ки сири хонаи маро ба берун мебарорад, барои ман даркор нест! Духтарат дар куҷост? Ҳозир бо ҳамин ханҷар ду мекафонам.
— О, чӣ шуд, подшоҳи олам?
— Як сири маро ба дигарон гуфтааст. Зоғҳо дуруст гуфта будаанд: «марда мард мекардагӣ зан, марда номард мекардагӣ ҳам зан». Духтари ту сири маро ба вазир гуфта, маро номард кард!
Зан дид, ки дигар чора нест. Ҳамин ҳозир подшоҳ духтарашро бинад сарашро аз тан ҷудо мекунад. Ночор барои наҷоти духтараш роҳеро ҷустуҷӯ кард.
— Олиҷаноб, ором шавед. Аз як қошуқ хуни ман гузареду гапи маро гӯш кунед.
Подшоҳ андаке ором шуду гуфт:
— Гузаштам, гап зан!
— Вай як духтар, оҷизу муштипар. Шумо подшоҳи мамлакат. Барои як гапи ҳамун номи машҳури худро ба духтаркушӣ мебароред? Ин корро накунед.
— Чӣ кунам?! Намехоҳам вай дигар дар ин даргоҳи ман бошад!
Зан маслиҳат дод:

пешина
аз 264
навбатӣ