Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

– Медонед чӣ, духтарро ба як ҷои дур фиристед, ки мурдаашро зоғу заған хӯрда равад.

Подшоҳ ҳанҷарашро ба ғилоф гузошту як лаҳза ором шуд. Гапи зан маъқул шуд. Ба занаш супориш дод:

– Ман дигар афти духтаратро дидан намехоҳам. Зуд аз ин ҷо дафъ кун.

Подшоҳ ба яке аз маҳрамбачаҳои занаш фармон дод, ки вайро ба ҳамон доманаи кӯҳ бурда партояд, то мисли Наим несту нобуд шавад. Бечора модар ба фармудаи шавҳараш итоат карду зуд ба хизматгоре супориш дода, як гӯсфандро кушонд. Як шикамбаи говро, ки қоқ карда буд, бирён кард. Баъд гӯшти гӯсфандро ба рӯғани худаш бирён карда, ба ҳамон шикамбаи гов ҷо кард. Ба кайвониҳо фармон дод, ки фатир, кулча, қаламаю дигар чизҳои мехӯрдагӣ пазанд. Ҳамаи инро ба ду паллаи хӯрчин ҷо кард. Баъд либосҳои духтарро бо сӯзан, чувалдӯз, шардӯз (навъи сӯзан), ангуштпона, ришта, ҳар чизе, ки барои як духтари дӯзанда лозим буд, дар як бухча ҷо карда баст. Дар дилаш гуфт, ки «духтарам дар он чӯлу биёбон азоб накашад». Баъд ба маҳрамбача чанд танга тилло дода гуфт:

– Ту пагоҳӣ хурӯс ҷеғ назада биё. Ба болои девор баро. Ман баста-баста ба ту медиҳам. Ту чизу чораро дуртар аз қаср гузор. Баъд аз ҳамон ҷо духтарро бо чизу чорааш мебарӣ. Эҳтиёт шав, ки миршабҳо нафаҳманд.

– Хӯб шудааст – гуфт маҳрамбача.

Маҳрамбача ҳанӯз чашми рӯз накафида омада
ба болои девори қаср баромад. Модар ҳама чиз-

пешина
аз 264
навбатӣ