Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

НаврасонАфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

ро бо ресмон баста-баста ба вай дод. Маҳрамбача хӯрчин, бӯғча, халта – ҳамашро гузаронда, дуртар аз қаср ба як ҷои беодам бурда монд.

Баъди аз хоб хестани подшоҳ модари бечора духтарро бо як куртаю фаранҷию чашмабанд ба асп савор карда, аз пеши подшоҳ гузаронда гусел кард. Подшоҳ бо ғазаб аз паси духтараш як кулӯх партофту ба қасраш даромаду худ ба худ гуфт:
«Марда номард мекардагӣ зан, ин духтар маро дар пеши вазир номард кард...».

Модар ба маҳрамбача боз чанд танга тилло доду гуфт:
– Бурда ба як лаби чашма бимон. Аз санг як хонача соз, ки духтарам азоб накашад.

Маҳрамбача тиллоро дида шод шуду:
– Майлаш – гуфт.

Вай чизу чораро ба як асп бор кард, духтар ба аспи дигар баромада рафт. Рафтанд, рафтанд, рафтаду ба як ҷо расиданд, ки ин тараф кӯҳ, он тараф кӯҳ, дар мобайн як сой. Духтарро дар ҳамин ҷо фуровард. Аз санг як хонача сохт. Болои хонаро бо кавроки хушк пӯшонд. Аз болои каврок хасу хавос партофта андова карду гуфт:
– Ман рафтам, се рӯз пас омада хабар мегирам.

Шаб шуд. Духтар ваҳмида, тарсида, то саҳар хобаш набурд. Худ ба худ гуфт: «Э, Худо, тани танҳо чӣ кор мекунам». Пагоҳии барвақт аз ҷой хесту ба сари кӯҳ баромад. Дид, ки гирду атроф дарахтзор. Дарахтҳо аз дур ба мисли буттаи нозбӯй менамояд. Ҳеҷ одамизоде ба чашмаш нарасид. Сари кӯҳ барояш маъқул шуд. Баландӣ, хушобу ҳаво.

пешина
аз 264
навбатӣ