Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
– Акнун ба болои зардолу бароеду камтар зардолу чинед. Баъд аз ин кунҷи боғ, то вай кунҷи боғ давр зада, ягон ҷулбур, чанда, латтапора ҳар чизе, ки ҳаст, ҷамъ кунед.
Наим, ки гушна буд, маззаи гӯштро чашид, гуфтаи духтарро иҷро кард. Аз ин кунҷ то ун кунҷи боғ даромада, ҳар чизе, ки пайдо кард, ҷамъ овард. Духтар латтапораю пӯсту риштаву чармро аз якдигар ҷудо кард. Баъд аз тугунаш сӯзану ҷолдӯз, шардӯзу ангуштпонаро гирифта, ин чандаҳоро дол ба дол оварда, ҷуфт ба ҷуфт карда, ҷул, лаҷом, нӯхта, изангу дӯхт. Аз латтапораҳо хӯрҷину халтаву чувол дӯхтанро сар карда, ба Наим гуфт:
– Шумо аспбони подшоҳ будед. Дар ин кӯҳу ҷангал ба ғайр аз ману шумо касе нест. Агар ҳаракат накунем, дар ин ҷо хору зор шуда, мурда мерем. Боло – поин рафта, ягон аспи ёбоиро ром кунед. Агар ҳаракат накунед, нон нест. Мегӯянд-ку аз ту ҳаракат, аз ман баракат.
Наим дар ин чанд муддати танҳоӣ азоби гушнагиро дида буд. Барои ҳамин гуфти духтарро қабул карда, баромада рафт. Дар домани кӯҳ дид, ки галаи аспҳои ёбоӣ, оҳувон ҳар хел ҳайвонҳо ҳастанд. Зуд як аспи лучакро аз ёлаш қапиду гирифта омад. Даррав вайро ҷул кард, зин зад, айил баст, лаҷом андохт. Асп ром шуд. Духтар аз химчаҳои туту бед чандто сабад бофт. Баъд гуфт:
Акнун болои зардолу баромада чинеду ба ин сабадҳо ҷо ба ҷо карда, сабадро ба ду паллаи хӯрчин андохта, ба бозор баред.
Наим гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё