Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

КӯдаконНаврасонАфсона
Аз аввал хондан

— Бозор дар куҷо? Ман намедонам.
Хайрӣ гуфт:
— Бароеду равед. Ҳамон ҷое, ки одам зиёд аст, бозор аст. Ҳар чӣ мардум савдо кунанд, ҳар пуле ки диҳанд, зуд-зуд фурӯхта пул карда овардан гиред. Агар ягон бозорчӣ ҳамашро арзон харад ба вай дода омадан гиред.

Наим ҳамин тавр кард. Чанд рӯз бозор мерафту меомад. Хайрӣ гелосу зардолу мечид. Чанд рӯз ҳамин корро карданд. Каме пул ҷамъ шуд. Баъд духтар гуфт:
— Акнун имрӯз ба ин пул аз бозор як дегча харед, як кафгир харед, кам-кам рӯған, биринҷ, пиёз, сабзӣ, лӯбиё, мош, нахӯд харида биёред.

— Хуб, — гуфт Наим.
Аз байн чанд вақт гузашт. Баъд Хайрӣ ва Наим ба якдигар саргузашташонро гуфтанд. Дӯсти меҳрубон шуданд.

Як рӯз духтар дар интизор буд, ки кай Наим аз бозор меояд. Ногоҳ чашмаш ба як пирамард афтид, ки асо дар камараш, ду даст аз асо гузаронида аз домани кӯҳ мефарояд. Хайрӣ ба пеши ӯ рафту пурсид:
— Бобоҷон, шумо аҳли илмед?
— Не, баҷем ман авом.

Ин пирамард чанд қадам монду худ ба худ гуфт, ки «э, ин оҷиза аз ман аҳли илмро пурсид, шояд кадом кори муҳиме дошт». Аз роҳаш баргашт.
— Духтарам, шумо аҳли илм пурсидед, манзуратон чӣ буд?

— Бобоҷон, аз роҳ баргаштед. Одами нек менамоед. Агар заҳмат нашавад, бегоҳӣ, баъди намо-

пешина
аз 264
навбатӣ