Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Қасре сохтанд, ки нисбат ба қасри подшоҳ хеле зебо. Даруни қасрро бо лаълу зумраду ёқуту фирӯза оро доданд. Ҳамаи ҳаминро ҳамин духтари донову зираку кордон Хайрӣ роҳ нишон дод. Бинед, як марди танбали содаро тарбия карда, ба чӣ мартабаҳо расонд. Ана, ҳамон гуфти зоғ шуд: «марда мард мекардагӣ зан», Хайрӣ як марди танбалро одами дуруст кард.

Акнун инро ба ин ҷо гузорему гапро аз подшоҳу занаш шунавем. Пас аз се рӯз ҳамон маҳрамбача омада дид, ки Хайрӣ дар ҷояш нест. Ба модараш хабарро бурд, ки духтар нест. Модари бечора гумон кард, ки духтарашро гургон хӯрдаанд. Чанд рӯз доду фиғон карду баъд ба тақдир тан дод. Аз байн чанд сол гузашту подшоҳ ҳам аз кори кардагеш пушаймон шуд. Дар бисоташ як духтар буд. Онро ҳам худаш нобуд кард. Дигар фарзанд надошт. Зиқ шуд подшоҳ. Пир шуд.

Рӯзе подшоҳ ба вазираш гуфт:
– Як қисми лашкарро ҷамъ кун. Дар айёми пирӣ як ба шикор равем.

Вазир зуд фармони подшоҳро иҷро кард. Ба шикор баромаданд. Ба наздикии сарҳади кишвар ба кӯҳе расиданд, ки аз пешашон як қасри боҳашамате баромад. Ҳайрон шуданд, ки ин қаср аз кӣ бошад. Подшоҳ ба вазираш гуфт:
– Ба назарам, ин қасри шоҳи кишвари ҳамсоя. Хеле зебо сохтааст. Шояд дарунаш аз берунаш ҳам зеботар бошад.

– Бале, шоҳам. Қаср зебо. Вале ба назарам, ин дар замини мамлакати мост.
– Чӣ хел?

пешина
аз 264
навбатӣ