Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

КӯдаконНаврасонАфсона
Аз аввал хондан

— Ин кӯҳ аз они мост.
— Аз они мост?
Шикор карданду кабку оҳуву ҳар чӣ заданд. Баъд ба зери дарахти чашмае, ки дар наздики ҳамон қаср буд, ҷодар паҳн карданд. Пазандаҳо сайдҳоро шушта, тоза карда, пухта ба пеши подшоҳ оварданд. Ҳамин дам як ҷавони хушрӯю озода ба як аспи бидав савор шудагӣ, либосҳояш ба худаш зебанда, лаҷоми асп, изангу, қамчин ҳама чизи асп аз тилло ба назди дарвозаи қаср омад. Дарвозаи қаср шараққос кушода шуд. Подшоҳ дида ҳайрон монд. Як оҳи сард кашида аз дил гузаронд: «Агар духтарамро аз хона намерондам, ҳамин ҷавонро домод мекардам».

Наим ба тарафи шикорчиён, ки аз қаср дуртар буданд, назаре андохту баробари кушода шудани дарвоза ба дарун даромад. Аспашро баста ба назди Хайрӣ омада гуфт:
— Дар беруни қаср дар назди чашма як гурӯҳ одамон кабобу шароб мехӯранд. Ба назарам, подшоҳ аст.

Хайрӣ аз болои боми қаср омада, худро ба касе нишон надода, оҳиста ба шикорчиён дида дӯхт, ки падараш. Ба шавҳараш гуфт:
— Раведу бо ду дасти адаб салом кунед. Барои эҳтиром бигӯед, ки «Меҳмони олиқадр, агар чизе лозим бошад, мо дар хизмат ҳастем». Барои фардо ба меҳмонӣ даъват кунед.

Наим рафт. Бо одоби баланд салом кард. Подшоҳро бо хушгуфторӣ мафтун намуд. Пешниҳод намуд, ки чизе лозим аст, ё не. Пас аз хандаву шӯхӣ ва гуфтугӯи мухтасар гуфт:

пешина
аз 264
навбатӣ