Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

– Олиҷаноб, лутфу марҳамат карда, фардо бо ҳамаи одамон ба хонаи мо меҳмони азиз шавед.

Подшоҳ гуфт:

– Ташаккур, мо зиёд ҳастем. Лашкари мо дар хонаи шумо намеғунҷад.

– Олиҷаноб, дил васеъ бошад, ҳама ҷо мешавад. Албатта, як лашкар не, чанд лашкари шуморо мо метавонем ҷо кунем. Лутфан, марҳамат намоед.

Подшоҳ розӣ шуд. Барояш ҷолиб буд, то бидонад, ки ин ҷавони бисёр зебову хушмумилла кист ва ин қасри пурнақш аз кадом подшоҳ аст?

Рӯзи дигар подшоҳ бо одамони зиёд омад. Зиёфатро дида, дар ҳайрат монд. Пас аз зиёфат Хайрӣ ба Наим гуфт, ки подшоҳро ба назди ман оред. Наим рафту гуфт:

– Олиҷаноб, шуморо ҳамсари ман мехоҳад зиёрат кунад.

Подшоҳ ба вазираш нигоҳи ҳайратомезе карда, бо Наим ба ҳавлии дарун рафт. Як боғи зебои дилрабо. Шаршараҳо, кабку тӯтию булбулу парандаҳо месароянд. Дар мобайни боғ як духтаре ду даст дар сари сина, бо нимтаъзиму ҳурмат истода, ба замин менигарад. Ҳамин дам яке аз зоғҳо «қаққӣ» карду дигаре «кункӣ». Духтар гуфт:

– Олиҷаноб, инҳо чӣ гуфтанд?

Подшоҳи ҳайрон, оҳиста ҷавоб дод:

– «Марда мард мекардагӣ зан....»

Подшоҳ ҳанӯз давомашро нагуфта духтар гуфт:

– Салом, падари бузургвор.

пешина
аз 264
навбатӣ