Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

НаврасонАфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

– Дирӯз ман аз хонаи ту баромада мерафтам. Дар ҳаво як парандаи мушгирро дидам, ки кӯдаке дар нӯлаш ба ҳаво парвоз карда мерафт.

Дӯсташ аз ин гуфти савдогар асабонӣ мешаваду мегӯяд:

– Эй бародар, маро масхара накун. Чӣ хел як парандаи хурди мушгир, як кӯдаки чорсоларо ба ҳаво гирифта, мепарад. Охир, вай паранда чанд баробар аз кӯдак хурд ку!

Савдогар ҳам асабонӣ мешаваду мегӯяд:

– Модоме ки муш чандсад кило оҳанро хӯрда тавонад, пас чӣ тавр як парандаи хурд як кӯдаки чорсоларо ба ҳаво бардошта, парида намеравад?

Дӯсташ хатояшро фаҳмиду ба зора даромад:

– Бародарҷон, ман иштибоҳ кардам, шӯхӣ кардам. Оҳанро муш нахӯрдааст. Оҳан дар ҷояш аст.

Савдогар ҳам мегӯяд:

– Ғамгин нашав, писари туро ҳам мушгир набурдааст. Оҳанро деҳу писаратро гир.

Дидед, бачаҳои азиз, барои нафс шуда, одамон чӣ корҳое мекунанд.

пешина
аз 264
навбатӣ