Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Кофт, ки ҳамён нест. Онро худаш бурда ба таги дарахти дигар гӯр карда буд. Бо макру ҳила дар ғазаб шуд. Аз гиребони Мирак гирифт:
– Ту, нобакор, чӣ кардӣ, канӣ ҳамён? Ба ман бидеҳ.
Мирак аз ин рафтори Зирак дар ҳайрат монд. Худро гум кард.
– Ба худо, ман нагирифтам. Ман ҳамин ҳозир бо ту омадам.
Зирак гуфт:
– Дурӯғ мегӯӣ, ҷои ҳамёнро ғайр аз ту касе намедонист. Агар ҳақи маро надиҳӣ, ман туро ба қозӣ мебарам.
Мирак аз макри ӯ бехабар. Ҳар ду даст ба гиребон шуданд. Зирак мушт ба сари ӯ мезаду дӯсташро сарзанишу дашному нафрин мекард. Мираки бегуноҳ худро ҳимоят мекарду ҳайрон буд. Билохира Зираки маккор дӯсташ Миракро кашола карда, ба назди қозӣ бурд. Қозӣ аз воқеа огоҳ шуда, аз Зирак пурсид:
– Шоҳид дорӣ?
Зирак зуд ҷавоб дод:
– Бале, дорам.
Қозӣ боз пурсид:
– Кист, он шоҳид?
Зирак гуфт:
– Шоҳидам ҳамон дарахт. Қозиҷон, шумо бовар кунед, равед аз ҳамон дарахт пурсед. Шояд бо қудрати худо вай гап занаду ҳақиқатро бигӯяд. Хиёнати ин дузди беинсофро ошкор созад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё