Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Қозӣ аз ин гуфтору рафтору ҳаяҷону воҳимаю доду войи Зирак дар ҳайрат монд. Бо чашми шубҳа нигаристу гуфт:
– Хуб шудааст, ором шав. Фардо ба таги дарахт меравему мепурсем. Шояд гуфти ту рост бошад.
Дарахт хеле калону мобайнаш кавок буд. Дар он ҷо одаме ҷой мешуд. Шаб ба хона омад ба назди падари пираш. Ба вай воқеаро гуфт. Падари пир дид, ки писараш дурӯғ мегӯяд, гуфт:
– Писарам, ин кори бад аст. Бо дурӯғу макру фиреб зиндагӣ обод намешавад. Аз ин роҳат баргард.
Зирак падари пири фартуташро илтиҷо мекунаду мегӯяд:
– Гӯш кун падар. Ба мо Худо додааст. Ҳамёни тиллоро аз худ кунем, тамоми умр рӯзгорамон таъмин аст.
Пас аз шунидани сухани писар падар пурсид:
– Писарам, ҳоло бигӯй вазифаи ман чист, ман чӣ кор кунам?
Зирак падарро роҳнамоӣ кард:
– Падарҷон, вазифаи шумо ҳамин аст, ки шаб ба даруни ковокии ҳамон дарахт рафта, рост меистед. Фардо субҳ ман ба қозӣ ба он ҷо меоям. Қозӣ аз дарахт мепурсад, ки сухани ҳамин бача дуруст аст? Шумо аз номи дарахт мегӯед, ки бале, дуруст аст.
Бечора падар низ ба гуфти писар бовар карду ночор шаб рафта, ба ковокии дарахт ҷо ба ҷо шуд. Субҳ қозӣ ҳамроҳи Зираку Мираку одамони худ ба назди дарахт омад. Мардуми зиёд он ҷо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё