Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

КӯдаконНаврасонАфсона
Аз аввал хондан

БОҒБОН ВА ХИРС

Буд, набуд, дар замонҳои қадим як боғбоне буд. Зану фарзанд надошт. Ин боғбон ошиқи кори худ буд. Ниҳол мешинонд, пайванд мекард, бел мезад боғи хеле зебое бунёд кард. Боғбон сол то сол пир мешуду аз танҳоӣ дилаш ба танг меомад. Гоҳе аз дилтангию танҳоӣ ба дараю кӯҳу ҷангал мерафт, парандаю ҳайвонҳоро ба худ ром мекард, ба боғаш меовард. Акнун дар боғаш дар канори дарахтҳои мевадору гулҳои рангоранг, парандаҳои хушхон ҳам зиёд шуданд.

Рӯзе аз рӯзҳо боғбон дар домани кӯҳе қадам мезад, ки як хирсе фуромада, ба тарафаш омадан гирифт. Ӯ ин хирси калони бадбашараи ба хасу хошок чӯлидаро дида тарсид. Агар гурезад, хирс давида ӯро қапида хӯрданаш мумкин. Пас ночор боғбон ба тарафи хирс бо табассум, чеҳраи кушодаю пурмуҳаббат, даст ба сари сина ҳаракат кард. Ба хирс чанд чизи хӯрдани ҳам дод. Хирсро ин рафтори боғбон хушаш омад. Ҳар ду дӯст шуданд. Боғбон, ки аз танҳоӣ зиқ мешуд, аз пайдо шудани чунин дӯст хушҳол гашт. Ба хирс хӯрок медод, гоҳе баданашро хору мол карда, навозиш мекард. Хирс ҳам аз рафторҳои дилҷӯенаи боғбон розӣ буд. Ҳамин ки боғбон нисфирӯзӣ истироҳат мекард, хирс пашаҳои сару рӯи ӯро бо дасташ меронд. Чанд муддат дӯстии онҳо идома пайдо кард. Ба ҳам-

пешина
аз 264
навбатӣ