Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Вазири доно гуфт:
— Шоҳам, ин доди Худост. Биёед, аз андешатон баргардед. Парваришаш кунем, одами нек хоҳад шуд.

Сом асабонӣ шуду ба сараш дод зад:
— Ман ба ту чӣ гуфтам!!! Зуд бош, аз наздам дур шав! Ин кӯдаки мӯйсафедро дур кун аз назарам! Гап якто! Гир, аз дасти модараш, бар кӯдак- ро! Ба таги кӯҳе бурда парто, то дарандаву па- рандаву хазандаҳо хӯрандаш.

Амри шоҳ воҷиб аст. Вазир аз тарс ба пиразане супориш дод, то кӯдакро барад. Пиразан ӯро ба як пораи латтае парпеч карда, ба домани кӯҳе бурду беозор ба рӯи сабзае гузошт. Ҳамин дам аз боло Симурғе пайдо шуду ба гирди кӯдаки пар- печ чарх зад. Чарх заду вайро ба минқораш ги- рифта ба осмон парид. Ба болои кӯҳ ба назди чӯҷаҳояш овард. Бачаҳои симурғ чириқ-чириқ дар гирди кӯдаки парпеч давр зада, бо нӯлҳои- шон парпечро кушоданд. Кӯдакро дида шод шу- данд. Кӯдак дастаку почак мезад. Симурғ кӯшид, ки чӯҷаҳояш ба кӯдак панҷа назаданд. Вай аз ҳар ҷое ҳар чизе меовард, ҳама бо ҳам мехӯрданд. Симурғ ин писаракро бо бачаҳояш калон кард. Аз байн солҳо гузашт. Писар дар до- мани кӯҳ чунон мепариду меҷаҳид, ки касе бинад дар ҳайрат мемонд. Бо як дав ба болои кӯҳ меба- ромаду бо як дав мефаромад.

Дар поёни кӯҳ роҳе буд. Савдогарон бо корво- ни худ аз ин роҳ мегузаштанд. Боре чашмашон ба ин писараки ҷусту чолок афтиду дар ҳайрат монданд. Ба корвонсаро расида ба ҳозирин ҳико-

пешина
аз 264
навбатӣ