Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

КӯдаконНаврасонАфсона
Аз аввал хондан

– Ман бе ту чӣ кор мекунам?
Симурғ гуфт:
– Мана, ин чанд тор пари манро бигир. Ҳар мушкиле ояд, онро дуд кун, ман зуд ба ёриат меоям. Лекин ту бояд бо одамон бошӣ, назди падарат рав, чунки ту одамизодӣ.

Симурғ Золизардро ба болаш савор карда, ба поёни кӯҳ фуровард. Писарак чунон серҳаркат буд, ки гӯё мисли симурғ мепарид. Ҳама аз ҳаракати ӯ дар ҳайрат буданд. Золизард аз Симурғ ҷудо шудан намехост. Яке гурехт. Симурғ ӯро бозгардонду гуфт:
– Ту натарс, ман бо ту ҳастам.

Золизард бо алам гуфт:
– Ман додо надорам, оча надорам, ҳамаш ту ҳастӣ. Ту маро калон кардӣ, ба воя расондӣ. Маро калон карда, ба кӣ медиҳӣ? Ман куҷо меравам?

Симурғ гуфт:
– Ту ин тавр нагӯй, мана, ин кас падарат. Бо падарат рав. Ҳеҷ фикри бад накун. Онҳо ба ту меҳрубонанд. Агар ба ту ягон зарра хиёнат шавад, тори пари маро дуд кун. Зуд ба ёриат меоям. Ман пушту паноҳи ту ҳастам. Аз аҳволат зуд-зуд хабар мегирам.

Золизард ба зӯр розӣ шуд. Сом ба наздаш рафту бо меҳр нигоҳаш карда, сарашро сила кард. Оҳиста ба оғӯш кашид. Бача ночор ҳамроҳи падар рафт. Падару модар ӯро аз дилу ҷон парвариш карданд. Барои он ки зуд дилбазан нашавад, барояш ба мисли хонаи симурғ шароит сохтанд. Боғе бунёд карданд. Дар боғ он чарандаву па-

пешина
аз 264
навбатӣ