Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Рандаҳоеро, ки дар доманаи кӯҳ буд, оварданд. Чанд муддат симурғ ҳам хабараш мегирифт. Барояш аспсаворӣ, аспдавонӣ, тирпаронӣ, шикор, гуштин, шамшерзанӣ, ситорашиносӣ ҳама чизро ёд доданд.
Аз байн чанд сол гузашт. Сому занаш хеле шод, ки писарашон зираку доно, далеру тавоно аст. Золизард ба синни балоғат расид. Хостанд, ки бароиш арӯс пайдо кунанд. Аз худаш пурсон шуданд:
— Писарам, мо ҳам пир шудем. Мехоҳем, ки туро зан диҳем.
Золизард хандида гуфт:
— Падари бузургвор, ҳоло ба ман зан даркор нест. Занро худам пайдо мекунам. Иҷозат диҳед, ман рӯи дунёро як сайр кунам. То бубинам, ки дар олам чӣ пастию баландиҳою дар кишварҳо чӣ гап.
Падар розӣ шуд. Золизард баромада рафт. Аввал сайри Эронзамин кард, баъд кишварҳои дигарро дида-дида ба Тӯронзамин омад. Вақти баргашт аз дарёи Аму гузаштан хоста ба соҳил омад. Ногоҳ чашмаш ба он сӯи дарё ба ҷодару хаймаҳо расид. Дид, ки духтарони зиёд бозию шӯхию овозхонӣ мекунанд. Дар пешгоҳи давра гунбазе, дар зери гунбаз тахте, дар тахт духтари маҳваше нишастааст. Золизард чанд муддат ғарки тамошо ба он тарафи соҳил менигараду мафтуни он духтари тахтнишин мешавад. Зуд ба қаиқе савор шуда, ба он сӯ ҳаракат мекунад. Аз дарё гузашта, рост ба сӯи гунбаз меравад. Духтари шоҳи Кобул мебинад, ки як ҷавони мӯяш сафед-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё