Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
— Гап нагардон! Ту ба навкарони подшоҳ гап мегардонӣ?!
— Э, бародар, ин чӣ бедодӣ, ҳам бепурсиш ба палак медароед, ҳам маро бо қамчин мезанед. Худаш инсоф доред, шумо?
Сардор боз чанд қамчин дигар ба сару китфи Барзу мефурорад. Барзуро алам мекунаду дастаи белашро, ки панҷ баробари дастаи белҳои одӣ буд, аз бел ҷудо карда мегӯяд:
— Чаро мезанӣ? Мана, ҳозир мани ширмак, ба ту ҳам як шир мемаконам.
Қамчини сардорро кашида гирифта, ба дур мепартояд. Бо дастаи бел сарбозони шоҳро чунон мезанад, ки ҳамашон беҳолу бемадор роҳи гурезро пеш мегиранд. Бо сари кафидаю рӯи харошида, ба зӯр ҷонро халос карда, ба аспҳо савор шуда мегурезанд. Ба назди Афросиёб омада мегӯянд:
— Шоҳам, мо харбуза мегирифтем, ҷовоне бо як дастаи бел ҳамаи моро зада майиб кард. Хеле нотрас аст, як балои азим.
Нагуфтанд, ки бепурсиш харбуза гирифтем. Афросиёб бо ғазаб фармон дод:
— Зуд чил кас равед! Дасту пои ин падарлаънатро баста оред!
Пирон, ки вазири доно буд гуфт:
— Шоҳам, саросема нашавед. Модоме ки тани танҳо бо як дастаи бел, чанд касро зада бошад, бояд санҷид. Шояд аз насли паҳлавонон бошад. Ин гуна далерон ба дарди лашкари шумо мехӯранд.
Шоҳ андаке фикр мекунаду баъд ба Пирон мегӯяд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё