Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
– Натарс, бачат саломат аст. Бо ғурур гурзашро ба осмон партофт, баргашту ба гардани худаш омада зад. Ба замин афтод. Ҳоло дар зиндони Рустами Достон аст.
– Писаркам, дар зиндон аст?
– Бале, дар зиндон аст.
Модар зуд фикр мекунаду аз паи чораи наҷоти писар мешавад. Вай зани доно буд. Ҳамон замон ба бозори асп меравад. Аз бозори асп ба восираи даллоҳҳо як аспи лоғари нимҷонро мехарад, ки номи вай Гулибодом буд. Чанд рӯз аспро парвариш мекунад. Асп фарбеҳу бақувват мешавад.
Ду-се паҳлавони аспсавору найзазанро пайдо карда, аспро ба онҳо медиҳад. Онҳо аспро чанд рӯз машқ медиҳанд. Шаҳноз аз ин аспсаворон хоҳиш мекунад, ки аз об гузаштану паридану ҷаҳиданро ёд диҳед. Паҳлавонҳо ба асп ҳамаро ёд медиҳанд.
Пас аз чанд рӯз Шаҳноз сару либосашро дигар карда, мӯйҳояшро таги кулоҳ намуда, ба симои як марди дарвеш медарояд. Дар китфаш качкӯл, ба дасташ як найза, дар миёнаш аз таҳ ханҷаре баста, чун марди дарвеш аз дарёи Аму мегузарад.
Аз қазо, вай ба Балх мерасаду ба назди дӯкони Баҳроми карбосфурӯш меояд. Баҳром мегӯяд:
– Марҳамат, акаи дарвеш, чизе мехарӣ? Алача, карбос, чӣ диҳам?
Шаҳноз оҳиста бо лаҳни мардона мегӯяд:
– Ман мусофирам, аз дур омадам. Барои ман як ҳуҷраи хоб лозим аст.
Дарвеш барояш як сиккаи тилло медиҳад.
Баҳром тиллоро дида саросема мешавад. Дар ди-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё