Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

КӯдаконНаврасонАфсона
Аз аввал хондан

— Дирӯз ба дастат чӣ шуд? Имрӯз навбати дасти дигар. Чаро бо ниқоб омадӣ?

— Бемориам ба ту нагузарад – ҷавоб дод Завора.

Барзуи ҷавону мағрур чанд бор ба майдон асп давонд. Гурзро ба сараш чарх занонда бозӣ доранд. Ба осмон партоб карду дар ҳаво даст гирифт. Ба ин васила ҳунари худро нишон доданӣ шуд. Завора низ бо Рахш чанд бор давиду парид. Ғурури Барзу боло гирифт такрор ба такрор гурзро ба осмон партофта даст мегирифт, ки паҳлавонони дигар чунин ҳунаре надоштанд. Ҳангоми ин бозиҳои худнамоӣ ногаҳон гурзи Барзу ба гарданаш омада заду аз асп афтод. Завора зуд тӯр партофта ӯро ба дом гирифт. Барзуро мебаранд. Ҳар ду лашкар қафо гашт. Рустам супориш дод, ки Барзуро ба зиндон нигоҳ доранд. Худаш ба даруни дараи кӯҳе рафта, чил рӯз ба табобати дасташ машғул шуд.

Дар Балх як бозаргоне буд, номаш Баҳром. Ӯро Баҳроми карбосфурӯш мегуфтанд. Ӯ хоҳаре дошт, ки номаш Маҳноз буд. Маҳноз хушрӯй буд. Барои лашкари Рустам хӯрок мепухт. Яке аз пазандаҳои вафодори лашкар буд. Рустам супориш медиҳад, ки фақат Маҳноз ба ин паҳлавони зиндонӣ хӯрок барад. Ба каси дигар иҷозат набуд, ки бо Барзу мулоқот намояд.

Ин воқеаро ба ин ҷо монеду гапро аз Шаҳноз, модари Барзу шунавед. Сарбозон бармегарданд. Шаҳноз ба назди лашкар омада мепурсад, ки писараш Барзу куҷост. Сардори лашкар ҷавоб медиҳад:

пешина
аз 264
навбатӣ