Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Рида ба пеши дӯсташ майна меравад. Майна ӯро дар ин ҳол дида, ором карда мепурсад:
— Саъбаҷон, ба ту чӣ шуд, чаро гиря мекунӣ?
— Дӯсти азизам, ман намедонам, ки чӣ кор кунам? Ба сарам бадбахтӣ омад.
Майна боз мепурсад:
— О, чӣ шуд, чӣ бадбахтӣ?
Саъба мегӯяд:
— Ду сол аст, ки як фил маро бадбахт мекунад. Ба як дарахт лона мегузорам. Аз куҷое вай омада, ба таги он дарахт хоб карда, худро ба дарахт мемоладу бачаҳои маро ғалтонда мекушад. Боз мегӯяд, ки ҳар чӣ аз дастат ояд, ҳамонро кун. Ман намедонам чӣ кор кунам? Ба ман маслиҳат деҳ.
Майна мегӯяд:
— Фил, ҳар чӣ аз дастат меояд, ҳамонро кун, мегӯяд. Номаъқул кардааст. Ғам nahӯр, ҳоло очаи зорашро нишон медиҳем. Ҳар кас бояд мувофиқи кирдори худ ҷазо бинад.
Ҳар ду пеши занбӯр мераванду воқеаро барояш мегӯянд. Занбӯр инҳоро гирифта пеши муш мебарад. Ҳар се воқеаро ба муш мегӯянд. Муш инҳоро гирифта пеши қурбоққа мебарад. Ҳама машварат карда ба як қарор меоянд, ки дигар фил ба таги ин дарахт наояд.
Занбӯр як гурӯҳ занбӯрро, муш як гурӯҳ мушро, қурбоққа як гурӯҳ қурбоққаро ҷамъ карда ба сӯи фил, ки дар таги дарахт хоб рафта, онро меларзонд, меоянд.
Саъба бо виқор ба фил мегӯяд:
— Эй фил, дигар аз ин ҷо рав, вагарна аҳволат бад мешавад.
Фил дар ғазаб шуда мегӯяд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё