Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

– Чӣ? Агар як бори дигар ин тавр гӯӣ, дарахтро аз бехаш канда ба сарат мезанам.

Ғурури филро дида мушҳо ҷаҳида ба болои фил баромада ба гӯшаш медароянд. Замбӯрҳо ба чашми фил ҳуҷум мекунанду мегазанд, чашмонаш варам мекунаду ҳеҷ ҷойро дида наметавонад. Қурбоққаҳо дар як лаби чуқурӣ истода қур-қур-қур кардан мегиранд, то фил ба он тараф раваду ба ҷарӣ афтад. Фил аз ҷой хеста мегурезад.

Фил аз дарди гӯш сарашро меҷунбонад, аз варами чашм ҳеҷ ҷойро намебинад, кӯр-кӯрона ба сӯи овози қурбоққа, яъне ба тарафи ҷарӣ рафта ба поён меғелад.

Худо раҳм кард, фил намурд, вале аз мурдан бадтар шуд. Ҳамин дам саъба фирри парида ба назди фил меояду мегӯяд:
– Ӯй, фил, аҳвол чӣ тавр?

Фил мегӯяд:
– Хеле бад. Ба ман ёрӣ деҳ.

Саъба мепурсад:
– Маро шинохтӣ?

Фил ҷавоб медиҳад:
– Чашмам варам аст, нашинохтам.

Саъба мегӯяд:
– Ман ҳамон саъба ҳастам, ки дарахтро ларзонда бачаҳои маро куштӣ.

Фил ҳоло фаҳмид. Аз кардаи худ пушаймон шуд. Аз саъбаяки хурдакак узр хост. Қасам хӯрд, ки дигар ба таги он дарахт намеояд.

Ана, ҳамин тавр, солҳои дигар, саъба ҳар сол ба он дарахт лона мегузошт, тухм мемонду чӯҷа мебаровард. Бо чӯҷаҳояш хурсандона зиндагӣ карда, ба муроду мақсадаш расид.

пешина
аз 264
навбатӣ