Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Баъд духтари мобайни гуфтааст:
– Э апаҷон, агар подшоҳ маро гирад, беҳтарин хӯрокҳои дунёро мепазам, маззааш аз даҳонаш наравад. Як палав мепазам, ки тамоми мардумаш хӯраду боз ҳам боқӣ монад.

Подшоҳ инро шунида боз дар дилаш гуфтааст, ки «духтари беақл, ҳамаи занҳо хӯрок пухта метавонанд».

Баъд духтараки кӯчаки мо гуфтааст:
– Агар подшоҳ маро гирад, як писари Заркокулу як духтари Маҳпешонӣ таваллуд мекардам.

Ҳар се духтарак бо орзуҳои ширин ба ҷойгаҳи худ даромада хоб рафтаанд. Гапи духтари сеюм ба дили подшоҳ ғулгула андохтааст. Зуд аспашро савор шуда аз роҳаш баргашта, ба қаср омадааст. Пагоҳии барвақт вазирашро ба наздаш ҷеғ зада гуфтаст:
– Гӯш кун, вазир, ба фалон ҷо меравӣ, аз пешат як дара мебарояд. Дар он ҷо як хаскаппа ҳаст. Дар вай хаскаппа як подабон зиндагӣ мекунад. Ин подабон се духтар дорад. Барои духтари хурдии подабон хостгор фирист. Ӯ ба ман Заркокулу Маҳпешонӣ таваллуд мекунад.

Вазир чанд пиразани хостгорро ба ҳамон ҷои подшоҳ гуфтагӣ фиристодаст. Хостгорҳо омада дидаанд, ки дар беруни хаскаппа як занак чархаашро давр занонда ришта ресида шиштааст. Пас аз салому алейку пурсупос ба вай гуфтаанд:
– Мо аз ҷониби подшоҳи олам ба духтари хурдии шумо ба хостгорӣ омадем.

Оҷаи духтар ин гапро шунида ҳайрон мондасту гуфтааст:

пешина
аз 264
навбатӣ