Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Оташ. Ба худ гуфтааст, ки «мани нодон чаро бо худ оташ нагирифтам. Аз мобайни ин саҳрои азим ба чор тараф нигоҳ карда дидааст, ки аз як дарае оташе милт-милт намоён аст. Баъд ба тарафи ҳамон шуъла нигоҳ карда рафтан гирифтаст. Расидаст, ки як хаскаппа. Аз даруни ин хаскаппа чуВ-чуВ-чуВ садои чархи ресандагӣ ба гӯш мерасад. Подшоҳ ба паси хаскаппа омада гӯш медиҳад. Дар даруни ин хаскаппа як подабону занашу сето духтараш буданд. Духтаҳо дар пешгаҳи хаскаппа ба ҷоғаҳи худ даромаданд. Зан ҷоғаҳи шавҳарашро ба пойгаҳи даромадгоҳ андохту дар пеши чароғ, чархаашро тоб дода, аз подабон пурсид:
— Ҷол, ҷол, ҳамин занҳои подшоҳ зоида бошанд?
Ин гапро шунида подабон гуфтаст:
— Э кампир, ту ҳам як аҳмақ будӣ, ман як подабон бошам, ман аз куҷо медонам, ки занҳои подшоҳ зоидаст ё не.
Ин гапро шунида, дасти кампир ба чӯби чарх бармехӯраду чархаш вайрон мешавад. Ҳар қадар тоб медиҳад, чарх кор намекунад. Кампир ҳам чархашро ғундошта мондасту хоб рафтаст. Вале хоби духтарони подабон, ки ҳар се ҳам ба синни балоғатанд, набурдаст. Духтари калонӣ гуфтаст:
— Агар подшоҳ мана гирад чизҳое дӯзам, ки дар дунё набошад. Қолине бофам, ки тамоми лашкари подшоҳ дар рӯи вай ҷо шавад.
Подшоҳ ин гапро шунида дар дилаш гуфтаст, ки «э духтари нодон, ман се зан дорам, ки ҳар кадомаш аз ту чевартаранд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё