Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа
Зарда. — Мурд аз дасти арақ, обу адо шуд.
— Пас дар стадион номаъқул мекард!
— Одати вай ҳамин — маст шавад, раги гӯштингириаш меҷунбад, — гӯё банохост аз ханда қариб суст мегардад Суҳайло.
Ман ҳам гоҳ дар дил хандидаву гоҳи дигар аз дари сӯҳбати онҳо ба ҳар гуна хаёлҳои нохуш рафта, ба худ мегӯям, ки сад офаринашон бод ин занҳои деҳотиро. Дарду ғами худро дар аксар мавридҳо фурӯ бурда, ҷояш ояд, аз ҳазлу шухӣ низ канора наҷуста, ба таҳаммул пушти сар мекунанд. Ҳама носозиҳои рӯзгорашонро бештар аз қазо, аз хати пешонӣ медонанд. Ва ба ҳар кулфате ки онҳоро гиребонгир мешавад, мардона тан дода, боз мекушанд пойбарҷо гарданд, аз ҳолу мадор нараванд, дар қайди ҳаёт бошанд. Вагарна зиндагӣ мушкил хоҳад буд ба фарзандонашон. Ғайр аз ин... умуман худи умри одамӣ магар як неъмати олӣ нест? Модоме аз дилу ҷигари модар ба арсаи ҳастӣ омадаанд, пас ба шодӣ аст, ё ношодӣ, дар ҳар сурат бояд дар дунёи равшани Худо рӯз гузаронанд. Ба чунин андеша, ё аз ноҷорӣ онҳо ба каму кости ҳаёт чандон эътибор надода, кулли пешомади худро вобаста аз олами ғайб меҳисобанд; дар тақдирамон будааст, мегӯянд. Ва аз хурдтарин хушиҳо низ болида, рӯҳу тавони тоза гирифта, шукрона мекунанд, ки Парвардигор ҳамин гуна вақту соатҳоро ҳаргиз зиёда набинад.
Ба мардуми рустой, алалхусус ба занони ҷафокаши қишлоқи ман доимо эҳтиром дорам. На аз барои он ки волидонам аслан зодаи деҳа мебошанд, ё худ аз ҳаёти одамони кишоварз камобеш бохабарам. Не-е, ҳурмати маро сабаб дигар аст. Ин мардум дар муқоиса ба шаҳрнишинон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё