Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Содатар, дилкушодтар ва самимитаранд. Ғолибан худотарсанд, бештар ба ҳаққи худ розианд. Дар меҳмоннавозиву одамгарӣ низ аз мо як сару гардан болотаранд. Аз ҳама муҳиммаш — қаноатпеша, ба сабру бардошт... Бо вуҷуди он ки аксарият ҷаҳонбинии танг доранд, мақоми фарзанди инсонро дар ин олами пуртазод хуб мешиносанд. Ва то метавонанд, иззаташро ба ҷо оварда, ба ҳодисоти зиндагӣ аз даричаи ҳамон хираде менигаранд, ки маҳсули дарки ҳаёти мураккаб аст, баҳра аз таҷрибаи рӯзгори рангин аст.

— Ба фикрат, чӣ кор кунем? — омехта бо навои об боз ба гӯшам мерасад овози Бибирухсора.

— Дар кадом масъала? — лоқайд мегӯяд Суҳайло.

— Дар масъалаи кулфати эшони Муқтазо. Ё чӣ, аз хотират рафт?

— Ҳуш надорам...

— Пас ғундор.

— Имрӯз аҷаб сарбаста гап мезанӣ, — ба фикрам, асабӣ мешавад Суҳайло. — Чиро ғундорам?

— Мегӯям, ки ҳушатро... Ҳеҷ набошад, як сари қадам рафта, фотиҳа хондан лозим.

— Роҳаш дур...

— Дур аст, наздик аст, рафтан шарт, занак.

— ...Боз ин бедаракии Сӯҳроб гарангам кардааст.

— Худо хоҳад, ёфт мешавад писарат.

— Нахоҳад, чӣ? — қариб гириста, бадард мегӯяд Суҳайло.

— Мехоҳад... Аммо дар мотами бандаи мусулмон изҳори ҳамдардӣ бисёр зарур.

— Ку аввал фаҳмем — рост аст, дурӯғ аст.

пешина
аз 67
навбатӣ