Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа
— Модом ки ҷасадашро овардаанд, дигар ҷои гап мемонад? Шояд ҳоло ба хок супурда бошанд.
— Мумкин... — мегӯяд Суҳайло ғамгин.
— Ҳайфи Ҷанобил-маҳсум! — афсӯс меҳӯрад Бибирухсора. — Чӣ марди паҳлавон буд!
— Худо раҳмат кунад, — яқин даст ба рӯй мекашад Суҳайло.
— Акнун ба сиву чор қадам мемондааст.
— Мегуфтанд, ки чанд сол боз аз зану бачааш хабар намегирад.
— Оқибат, ана, хабар ёфт.
— Гӯё дар Русия оилаи дигар доштааст. Гӯё молу манолаш...
— Инаш ба ман торик! — дарҳол сухани ӯро мебурад Бибирухсора.
— Дар ҳаққи майит пасту баланд гуфтан раво несту... аз рӯи шунидам, ба роҳи рост намегашт раҳматӣ.
— Ту ғайбати чор нокасро такрор мекунӣ. Худат-ку надидаӣ...
— То шамол нашавад, шоҳи дарахт намеҷунбад.
— Меҷунбад! — бо итоб мегӯяд Бибирухсора.
— Чӣ хел?! — ҳайрон мешавад Суҳайло.
— Ба ҳамин хел лақигӣ! — паст намеояд Бибирухсора. — Одам як гапро дониста ба забон мегирад. Шарм надошта, ба росту дурӯғи мардум маро ҳам шарик кардан мехоҳӣ.
— Ту шарик нашав! — низ ба қаҳр меояд Суҳайло. — Ман шунидаамро мегӯям. Даҳони халқ дарвоза не, ки баста монӣ.
— Ту агар зани оқила бошӣ, танбеҳ дода, даҳони онҳоро мебандӣ, — аз шасташ намегардад Бибирухсора. — Ҳеҷ натавонӣ, умуман гӯш намедиҳӣ.
— Чӣ, ба хаёлат, сӯфии соф буд Ҷанобил-маҳсум?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё