Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа
АдабиётҚисса
Аз аввал хондан- Хӯрдӣ?
- Хӯрдам, — мегӯям ба лабханд. — Бисёр ширин буд.
- Ҷои инаш дигар, инаш ба сад дард даво...
- Аз дугонай ҷамолакии ман наранҷ, писарҷон, бигир, шарм ҳам надор, — баногоҳ механдад Бибирухсора. — Беҳуда нафармудаанд машоих: он чӣ ба шир меоядат, танҳо ба ҷон гардад бурун.
- Ҳазор бор шунидаам байту ғазали туро, — сабук доман меафшонад Суҳайло. — Ё боз айб мондан мехоҳӣ?
- Э не-е... — ҷавоб мегардонад ӯ. — Фақат ҳайронам, ки тут фиристоданатро ба ифтихор гуфтиву аз дунбаи гӯсфанд гап назадӣ.
- Қаҳрат омад?
- Ман ақламро нахӯрдаам, ки ба лақидани ту зиёда эътибор диҳам.
- О дунбаро ба ёд овардӣ-ку...
- Гуфтам, ҷӯраи Хуросон ҳам фаҳмад.
Ман гоҳо даст ба косаи шахтут бурда, гӯшам ба сухани онҳо, дуруст рамуз гирифта наметавонам, ки чиро бояд фаҳмам. Саъдӣ хандаашро базӯр нигоҳ дошта, дар ҷои нишастааш ҳай меҷунбад. Бибирухсора ба таҳаммул чой менӯшад. - Хайр, ана, боз як навбат мегӯям, — низ ба худ чой мерезад Суҳайло. — Дар суннаттӯи ҳамин Сӯҳробам ба ту қариб ним дунбаи гӯсфанд дода будам.
- Аздусар вайрон мешавад гуфта...
- Охир, соли бисёр куштанд.
- Рост, аммо вақте ки одам як кори хайрашро ҳатто баъди солҳо гаштаву баргашта ба забон меорад, айни миннат аст. Ман инро ба ту чанд бор гӯям?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё