Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Миннат не, ба тариқи сӯҳбат...

— Тӯт оварданатро ҳам, иншооллоҳ, то мурдан аз ёд намебарӣ.

Саъдӣ баланд механдад.

— Чӣ илоҷ, Насиҳатбибӣ, худат медонӣ, ки даҳонам бефаровез, — маъсум табассум мекунад Суҳайло.

Ин дам гурбаи зарди фарбеҳ, ки аз дунболаш омада, то ҳол дар гирду пеш мегашт, парида болои кат мебарояд.

— Тӯр! — мегӯяд вай ба ҳавои даст.

— Ана-аа-а... — боз ханда мезанад Саъдӣ.

Гурба худро зуд ба замин партофта, тарафи айвон мегурезад.

— Дидӣ? — симои гандумгунаш гарм, рӯ ба ман меорад модари Хуросон. — Пишакро тӯр мегӯяд ин занак, кӯчукро — пишт...

— Бале, акнун фаҳмидам, ки аз шодӣ ҳам хаёли кас парешон мешудааст.

— Ақлаш чӣ? — яқин дугонаашро каме афшондан мехоҳад Бибирухсора.

— Ман ягон бор кӯчуки туро пишт гуфтаам? — тан намедиҳад Суҳайло.

— Нашунидааму... — нохост аз таҳти дил механдад ӯ, — лекин ҳозир пишакатро ба ҷои кӯчук донистӣ.

— Хуб кардам! Чунки ин зардаки ман аз он муши мурдаи ту ҳазор карат беҳтар.

— Эҳтиёт шав, — мабодо эркаат ба ҳоли Шамшер афтад...

— Вай беақл не.

— Ба фикрат, ҷонвари мо беақл буд?

— Агар не, ба як зарра ҷонаш саги занҷирбанди ҳамсояро масхара мекард? Кошкӣ он барзангӣ сиҳат бошад...

пешина
аз 67
навбатӣ