Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Хайр, кифоя, хеле хандидем.
  • Ба ту на ханда мефорад, на гиря!
  • Сӯҳроб ягон зарбу лат нагирифтааст? - лаҷоми гапро ба дигар сӯ метобад Бибирухсора.
  • Бе ин мешавад? - бо ҳасрат нигоҳашро мегурезонад Суҳайло. - Таки чашмаш каб-кабуд, лаби поинаш кафидагӣ, варам...
  • Иншооллоҳ, дар ду-се рӯз мегузарад. Муҳиммаш - акнун хотират ҷамъ, дилат беғам.
  • То чанд?
  • Дунё баумед, гуфтаанд. Имрӯз абошад, пагоҳ ақлашро меғундоштагист.
  • То вай ақлашро меғундорад, ки ман сар ба хоки тар memonam, - инак хаёлаш дар ҳақиқат парешон, лаб мегазад Суҳайло. Ва қадре сукут варзида, оҳиста мепурсад: - Саҳар меравем?
  • Куҷо? - аввал намефаҳмад модари Хуросон.
  • Охир, рӯзи дароз дар ғами эшони Муқтазо будӣ. Балки аз ёдат бурданд?
  • Воқиан, ҳа-а... - баъд гӯё ҳушёр мешавад ӯ.
  • Ман аслан барои ҳамин омадам.
  • Нарафтан айб.
  • Дурусттар фикр кунам, якпула маъNӣ надоштааст зиндагӣ.
  • Барои чӣ? Ҳеҷ абошад, фарзандонамон мағзу маъниаш...
  • Махсум фарзанд набуд? Сӯҳроби ман чӣ?
  • Боз менолӣ, а!
  • Кӣ мегуфт, ки вай ин хел... дар айни ҷавонӣ аз дунё мегузарад?!
  • Ҳама кори дунё дар дасти Парвардигор.
  • Падар зинда, вале фарзанд... дигар нест.
  • Рост мегӯй, ҳайфи Ҷанобил-махсум!
  • Меравем? Ман тайёр шавам?
пешина
аз 67
навбатӣ