Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
Ниҳоят вай ба сардори шӯъбаи НКВД-и ноҳия муроҷиат намуда, ӯро ба гап андохта, ваъда мегирад, ки агар он шахсро кӯчонда ба Деҳнав биёрад, сохторҳои дахлдор ба вай кордор намешаванд.
Бо истифода аз чунин роҳ Бобораҳмат Юсуфов ба ҷомаи амал пӯшодани нақшаи худ ҳам дар маркази ноҳия, ҳам дар колхоз замина гузошта, шахсан ба Ҳисор рафта, манзили эшони Султон-отаро ёфта, дар натиҷаи сӯҳбати дуру дароз ахир ӯро ба гап медарорад. Ва ду-се рӯз пас бо аҳли оилааш дар аробае кӯчонда меорад. Сарпаноҳ медиҳад ба вай, барои ризқаш замин ҷудо карда медиҳад. Баъд, ана, оғоз меёбад заҳмати пурмашаққат ва дар айни замон масарратбахши ҳар дуи онҳо дар роҳи бунёд кардани боғе, ки мебоист дар оянда вирди забонҳо гардад.
Тавассути меҳнати шадид, муҳимтар аз ҳама шавқу завқ ва хоҳиши беандоза эшон дар ҷараёни чор сол ба чунин як боғи иборат аз бист гектар тарҳи мустаҳкам андохтанд. Дар он биҳишт чи ҷое ки буданд, — аз гуна-гуна дарахтони худӣ гирифта, то бехҳои сояафкани кишвари Рус, то навдаҳои хурмову афлесун ва лимуи субтропикӣ... Он солҳо дар шароити Деҳнав сабз ва боровар кардани чунин ниҳолон афсона менамуд. Лекин нияти ин ду мард, ки акнун дӯстони бисёр қарин буданд, холис омада, боғи эшон дар як муддати кӯтоҳ сарсабзу мевадор шуд. Ба шӯҳрати колхози Сталин дар кулли вилоят шӯҳрати тоза бахшид.
Хулоса, кори раис сол то сол пеш мерафт, ҳар нақшае ки ӯ дар хаёлаш тартиб медод, рӯи об мебаромад. Ҳар донае ки ба хок меафканд, нумӯ мекард; ҳар чигите ки мекишт, ҳосил ме-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё