Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
дод. Зеро вай на танҳо инсони меҳнатписанд, балки бадиёнат ҳам буд, ба таърих ва анъанаи халқаш, ба ҳарфу ҳиҷои вобаста аз маданияти ӯ, ба китоб ва одамони китобхон меҳру муҳаббати махсус дошт. Ин буд, ки аз сиёсати замонааш наҳаросида, Султон-ота эшони чандин сол саргардонро аз Ҳисор барин ҷой кӯчонда овард. Ва чӣ роҳе бошад, он марди донишмандро ҳам бо аҳли оилааш ба ҳимояи худ гирифт, ҳам ба ривоҷи боғдории колхозаш таҳкурсӣ партофт.
Дар даврони диктатураи Сталин, ки бар зидди дину диндорон муборизаи беамон мерафт, оё ҳар кас қодир буд ба чунин иқдом? Не, албатта! Фақат шахсе метавонист ба ин ҷода пой монад, ки зотан инсонпарвар буда, қабл аз ҳама ғами халқро хӯрад, ба дарду доғи вай пайваста шарик бошад...
Ман ҳоло фикр мекунам, сабаб чист, ки дар ин ҷо, дар ноҳияи Деҳнав, мувофиқи хизматаш ба абадӣ гардондани хотираи ӯ кам эътибор додаанд. Шояд ҳанӯз вақташ нарасидааст, ё ният доранду ман бехабарам... Ҳақиқатро аз Нурмуҳаммад пурсидан лозим. Ҳар оина номи Бобораҳмат-ака, корҳои хубе ки ин марди ҷасур ба сомон расондааст, умуман худи ҳаёти бамаҳсулаш дар рӯи замин ба ҳар гуна эъзозу эҳтиром меарзад. Вай, охир, як одами оддӣ не, балки шахсияте буд барҷаста. Инсоне буд, ки ҳам пасту баланди ин дунёро медонист, ҳам масъулияти он дунёро фаромӯш намекард. Имонашро мустаҳкам медошт, дину диёнатро муҳимтарин унсури ахлоқи ҳамида мешинохт. Агар донад, ки касеро ноҳақ ранҷондаанд, тобу тоқатро аз даст дода, ҷасурона ба ҳимоя мехест.
Бунёди боғ баҳона, Бобораҳмат-ака на фақат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё