Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Нест. Аз ҷиҳати дигар, осон барои он ки тарзу тариқи роҳбарии акаи Бароталӣ, корҳои савоби вай, ривоҷи Деҳнав ба сарварии ӯ, қавли устувору халқпарвариаш чун дар кафи даст равшан ба назар меоянд. То ҷое шахсан медонам, инсони ба хурду калон меҳрубон аст акаи Бароталӣ. Лекин ягон камбудиро бинад, алалхусус фаҳмад, ки он камбудӣ аз хунукназарист, сахт мегирад, ниҳоят... Эҳтимол ҳамин хислаташ ба вай муттако шуда, Деҳнав то ба имрӯза дараҷаи тараққиёт расид. Дигар ин ки, ягон кас наметавонад ӯро фириб диҳад, гӯл занад. Сабабаш — акаи Бароталӣ аз вазъи ҳаррӯзаи ноҳия, аз ҳолати ҳар қарта кишт, аз рафти кор дар ҳар муассиса, аз фаъолияти ҳар як роҳбар, муҳимтар аз ҳама — халқ чӣ зиндагӣ дорад, кайфияташ чӣ гуна... комилан бохабар аст. Ман баъзан фикр мекунам, ҳатто дар ин ё он лаҳза аз дили одам чӣ мегузарад, вай хуб медонад. Дар ҷое ки кор ҳаст, — мегӯяд акаи Бароталӣ, — камбудӣ ҳам мешавад. Лекин он камбудӣ набояд аз холабеғамии роҳбар рӯй диҳад. Рафту дар ягон маҷлис нафаре аз вазъи хоҷагӣ, ташкилот ё муассисаи худ маълумоти нодуруст биёрад, тамом — шармсор мегардад ӯ. Зеро акаи Бароталӣ филҳол мегӯяд — не, дар фалон қарта заминро об задааст; шумо дар нисбати фалон кас ноҳаққӣ карда, ӯро беасос аз вазифааш рондаед; дирӯз ман дидам — мошини муассисаи шумо ба ҷои хонандагонро аз мактаб хона ба хона бурдан дар бозор карам некашид... Вассалом! Оё мешавад, ки ба чунин роҳбар дурӯғ бигӯӣ? Не-е, ҳокими ноҳияи мо инсонест ноёб, мардест нотарс, сарварест мӯшикоф. Ман фахр мекунам, ки дар ихтиёри чунин одам фаъолият дорам...

пешина
аз 87
навбатӣ