Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
Шаҳси дигар Зоири Ватан. Вай дӯсти Нурмуҳаммад буда, баъзан ҳамроҳи ӯ дар меҳмонхона аз ман хабар мегирад. Дар Русия бахши суханшиносии донишгоҳи Краснодарро хатм намудааст. Баъдтар ғоибона хонда, муҳандис низ шудааст. Имрӯза касбаш — соҳибкор. Чанд ошхонаву ресторан дошта, ҳамаи онҳоро бо маҳсулоти хоҷагиҳои хурд-хурди шахсӣ... ба монандӣ бурдақипарварӣ, боғдорӣ, сабзавот ва ғайра худаш таъмин мекунад. Дар синну сол аз ман поин аст, вале ба фарҳангпарастӣ ва ҷаҳонбинӣ хеле боло метобад. Чеҳраи гандумгунаш доимо кушода, чашмони нармнигоҳаш ҷаззоб, меҳрубон... Он чӣ дӯст медорад Зоир, китоб буда, аз сӯҳбати бемаънӣ зуд мегурезад.
– Ниҳоят нозуктабиат аст акаи Бароталӣ, – ба хоса тамкин ақида меронад ӯ. – Бинобар ин ҳар нозукиро дар зиндагӣ зуд мефаҳмад. Ва ҳар ташаббуси савобро ҳам аз самими дил пуштибон мешавад. Ман ӯро аз барои зиракӣ, коршиносӣ ва маданияти баландаш ҳатто дар душвортарин вазъият беҳад эҳтиром мекунам, балки дӯст медорам. Аз чӣ меболӣ, ба чӣ каму кост дучор омадай, чӣ муаммое туро ба ташвиш овардааст, – ба як назар мебинад ӯ. Ва худи ҳамон лаҳза маслиҳатҳое медиҳад, ки то чӣ андоза муҳим ва ҳаётӣ будани онҳоро дарк намуда, беихтиёр меандешӣ – барои чӣ ман инро сари вақт нафаҳмидам? Гӯё ба чашмам меомаду чаро надидам? Кас агар инсоф дорад, наметавонад ба ақлу заковати Бароталӣ Олимов тан надиҳад. Вай инсонест баистеъдод, корбанд, ҳақиқатпараст. Ва ба ин ҳеҷ ҷои шубҳа нест... Ман, масалан, дар шуғли худ озодам. Аз рӯи даромади фирмае ки дорам, ба давлат андоз месупорам;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё