Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

медиҳад, бе миннат дасти ёрӣ дароз мекунад. Умуман дар ёд надорам, ки вай ягон хоҳиш ё ташаббуси моро беэътибор монда бошад. Аз ин рӯ корамон то ҳадди имкон пешрав аст. Табибони дар касби худ батаҷриба дорем; ҳамшираҳои дар муносибат ба беморон меҳрубон дорем. Ба табобатхонаи мо аз дигар ноҳияҳои Сурхонзамин, ҳатто аз вилоятҳои ғайр дардмандон омада, шифо ёфта мераванд. Хонаи истироҳату дармонгоҳамон низ дар саросари водии Сурхон ва берун аз он шӯҳрат дорад. Бо вуҷуди душвориҳои иқтисодӣ, ки ҳама инро медонем, солҳои охир шабакаи тандурустӣ дар Деҳнав мустаҳкам шуда, ҳатто вусъат ёфта, дараҷаи табобати мардум рӯз то рӯз беҳтар мегардад. Ман сидқан гуфтаниам, ки саҳми ҳокими ноҳия, марди шариф ва поквичдон Бароталӣ Олимов дар ин корҳои нек боиси ифтихори ҳар кадоми мост...

...Фарида Анварӣ дар радифи табиби босавод ва дасташ сабук будан дар байни мардуми Деҳнав чун як зани хушрафтор, покиза, дар айни замон ташкилотчӣ ва роҳбари ғамхор низ соҳиби иззату эҳтиром аст. Ва ин иззату эҳтиромро вай бо меҳнати ҳалол, дар ивази тараҳҳум ба шахси бемор ва муҳаббати худ дар ҳаққи аҳли заҳмат ба даст овардааст.

Дар муддати беш аз даҳ соле ки Фарида Анварӣ сардухтур аст, дар бисёр хоҷагиҳои Деҳнав, аз ҷумла дар дуртарин минтақаҳои он ба мисли Боботоғ ва Бандихон табобатхонаҳо кушуда шуданд. Дар ноҳия муолиҷагоҳи кӯдакон ва маркази маслиҳат ба занон ташкил ёфт; дар назди беморхонаи асосӣ як бинои дуқабатаи замонавӣ қомат афрохт, ки дар он шӯъбаи анестезиология-реаниматсия ҷой гирифта, ба беморон

пешина
аз 87
навбатӣ