Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
ни вазнин хизмат мерасонад.
Раиси ҷамъияти матлуботи ноҳияи Равшан Мирзоев ин зайл фикр дорад:
— Ба мисли баъзе роҳбароне ки буданд дар Деҳнав, акаи Бароталӣ моро худову беҳуда ташвиш намедиҳад, бесаранҷом намекунад. Ва ин, албатта, аз дурандешӣ ва маданияти баланд аст. Дар навбати худ мо ҳам эҳтироми ӯро ба ҷо оварда, аз рӯи виҷдон кор мебарем. Пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки маҳсулоти ниёзи мардум, озуқавории зарурӣ ба монандӣ орду равған, собуну гӯгирд, биринҷу намак ва ғайра сари вақт дастраси ҳоҷатмандон гарданд. Ба иқтисоди ноҳия низ дар натиҷаи иҷрои нақшаҳоямон ҳатталимкон саҳм мегирем. Ин хеле муҳим аст, чунки ҳама харҷи ноҳия аз даромади худаш. Акаи Бароталӣ тавонист чунин амри душворро мунтазам ба роҳ монад. Ку ягон хоҷагӣ ё ташкилот дар вақти муайян ба бонк пул нагузаронад!.. Баҳона овардан, ё гардан тофтан осон нест дар ҳузури акаи Бароталӣ. Ман умуман бурду бохти ҳар ноҳияро аз ҳокими он вобаста медонам. Роҳбар агар кордон бошад, забони халқро ёбад, ҳатман муваффақият ба даст меорад. Худкомагӣ чӣ? Аз ин хислат ба мардум зарар расад — мерасад, аммо ҳеҷ як хубӣ барнамеояд. Ҳоло махсус қайд кардан мехоҳам, ки акаи Бароталӣ худкома нест. Вай инсони комил буда, ҳама қуввату ғайраташро дар ҷодаи ободии мулк ва осудагии халқ ба сарф медиҳад. Албатта, як кас наметавонад кулли ташвиши дунёро ба зимма гирад. Вай инро хуб медонад. Ва дониста, ба мардум даст ба даст дода, кори ноҳияро мувофиқи нақшаҳояш бо садоқат пеш мебарад. Порсол ташкилоти мо барои хизмати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё