Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
Китобхона ба аҳолӣ дар байни тамоми ҷамъиятҳои матлуботи ҷумҳурӣ ҷои якумро гирифт. Ман инро на танҳо шарафи кормандони шабакаи савдо, балки шарафи Бароталӣ Олимов низ медонам. Зеро вай фаъолияти моро муттасил дар зери назар дошта, маслиҳатҳои муфид медиҳад. Умуман одами пешбин аст акаи Бароталӣ. Ҳар ташаббусеро, ки фақат имрӯз не, балки минбаъд ҳам аз он фоида мерасад, ба ҷону дил дастгирӣ мекунад. Як мисол меорам. Шумо ба сарвари раёсати техникии кишоварзии ноҳия Хуррам-ака Азизов шиносед, — ду-се бор ба ҳам нишаста будем. Намедонам ба шумо гуфт ё не, парерсол вай мехост аз ҳисоби даромади идораи худаш аз Амрико панҷ-шаш комбайн харид кунад. Лекин монеаҳо бисёр буданд. Аз ҳама асосиаш — банк пул намедод; пули ташкилоти худи ӯро... То акаи Бароталӣ дар байни надаромад, ин кор ҳал нашуд. Ҳоло ана – порсол боз он комбайнҳо басифат дарав мекунанд. Муҳиммаш, ҳосил талаф намешавад; аз комбайнҳои ватанӣ чандин карат беҳтаранд онҳо...
Инак ба гуфтаҳои директори мактаб Мустафо Баҳромов рӯй меорем, ки як марди бузургҷуссаи шӯхтабиат ва меҳрубон буда, дар назари аввал одами беҳад ҷиддӣ метобад:
— Кормандони соҳаи маориф, яъне омӯзгорон, аз ҷумла шахсан худи ман аз Бароталӣ Олимович комилан розӣ ҳастем. Воқеан, барои чӣ розӣ набошем. Вай, охир, ҳама ташвиши моро, каму кости моро, ниҳоят, дарди моро панҷ панҷааш барин хуб медонад! Акаи Бароталӣ умуман шахсест бохабар аз нозукӣ ва муаммоҳои доғи мактабу маориф. Шояд ин ба сабабест, ки ӯ дар вақташ котиби кумитаи ҳизби вилоят доир

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё