Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
— Ду-се рӯзи охир бисёр парешонам. Ҳар гуна хобҳои вазнин мебинам.
— Шояд зиқ мондӣ. Ё ба хизматат намемерасанд?
— Баръакс, он қадар меҳрубонӣ дидам, ки ҳатто шармам меояд.
— Аз кӣ, аз чӣ? Фикр карда гап зан. Ту, охир, эҷодкори асилӣ, ба ин ҳама сад бор меарзӣ. Чун як нафар дӯсти бачагиат ман фақат мехоҳам, ки ту ҳар чӣ зудтар ба гузашта салавот гӯӣ. Гирифтори чуну чаро шуда, худатро бой надиҳӣ, пойбарҷо бошӣ.
— Ташаккур. Кӯшиш мекунам.
— Ман, албатта, мефаҳмам, ки хонавайронӣ бори чандон сабук нест. Инчунин нек медонам — ту на аз он дар азобӣ, ки нохост аз занат ҷудо шудаӣ...
— Бале, — то дар ин хусус зиёда нагӯяд, сухани ӯро буридам ман. — Ғамам якто — дидори фарзандон...
— Вақту соаташ расад, ақлаш даромада, онҳоро нишон медиҳад. Ҳатман... Дигар ҳаргиз рӯҳафтода нашав, аз ту ҳоло сабр лозим. Бешумор аст манфиати сабр, гуфтаанд мардуми доно.
— Сабр ҳам ҳад доштагист. Қариб як сол боз фарзандонамро надидаам. Мегурезонад...
— Чӣ илоҷ, пас аз ҷудоӣ баъзе занҳо ҳамин хел кинагир мешаванд. Худаву беҳуда баҳона ҷуста, мехоҳанд ба собиқ шавҳари худ неш зананд, ӯро асабӣ кунанд, ба ривоҷи кораш халал расонанд. Ҳатто аз тӯҳмат ҳам рӯй намегардонанд.
— Хуб, дар ин бора кифоя, — базӯр хандидам ман.
— Пас чӣ гӯям? — гиреҳи гарданбандамро дуруст карда, низ хандид Бароталӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё