Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мухаммас бар ғазали Ҳофизи Шерозӣ

Нест андар дида обе, чашмасоронро чӣ шуд?
Монд холӣ соғари мо, тавбакоронро чӣ шуд?
Беасар шуд ҳар дуъо, шабзиндадоронро чӣ шуд?
«Ёрӣ андар кас намебинем, ёронро чӣ шуд?
Дўстӣ кай охир омад, дўстдоронро чӣ шуд?»

Ғам ба сина бас фузун шуд, Хизри фаррухпай куҷост?
Дил гирифтори ҷунун шуд, Хизри фаррухпай куҷост?
Сина аз хун лолагун шуд, Хизри фаррухпай куҷост?
«Оби ҳайвон тирагун шуд, Хизри фаррухпай куҷост?
Хун чакад аз шохи гул, абри баҳоронро чӣ шуд?»

Дар бари ман ғамгусоре дошт ҳаққи дўстӣ,
Мўнисе, шириннигоре дошт ҳаққи дўстӣ,
Нозуке, дилбеқароре дошт ҳаққи дўстӣ,
«Кас намегўяд, ки ёре дошт ҳаққи дўстӣ,
Ҳақшиносонро чӣ ҳол афтод, ёронро чӣ шуд?»

Ҳолиё, ин дард бар мо ҷонгудозу бедавост,
Ёри бекас дар ҷаҳони бевафо танҳо Худост,
Ҳар нафас андар сари мо бепаноҳон моҷарост,
«Лаъле аз кони мурувват барнаёмад, солҳост,
Тобиши хуршеду саъйи боду боронро чӣ шуд?»

Қалби мискинам набикшояд зи гулгашту баҳор,
Марги худ мехоҳаму онро манам дар интизор,
Ҳосидо, аз баъди ман ҳаргиз намонӣ пойдор,
«Шаҳри ёрон буду хоки меҳрубонон ин диёр,
Меҳрубонӣ кай саромад, шаҳриёнро чӣ шуд?»

Ин хабисон пеши қавми хештан шармандаанд,
Чоҳи навмедӣ ба роҳи бенасибон кандаанд,
Баҳри як лаб нон ба беоин ғулому бандаанд,
«Гўи тавфиқу каромат дар миён афгандаанд,
Кас ба майдон дарнамеояд, саворонро чӣ шуд?»

Мурғи ин боғи хазондида ба олам бенавост,
Тори ин қалби балодида хамўшу бесадост,
Бо гулу себарга булбул дар чаман ноошност,
«Сад ҳазорон гул шукуфту бонги мурғе барнахост,
Андалебонро чӣ пеш омад, ҳазоронро чӣ шуд?»

Дар сари болини маргам синаи гардун насўхт,
Носипосе Юсуфи худро аҷаб арзон фурўхт,
Сўзани Исо ба ҷуз пироҳани мотам надўхт,
«Зўҳра созе хуш намесозад, магар удаш бисўхт,
Кас надорад завқи мастӣ, майгусоронро чӣ шуд?»

Ғам махўр, даврон чунин яксон намемонад, хамўш!
Хатти ин дафтар касе ҳаргиз намехонад, хамўш!

пешина
аз 103
навбатӣ