Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Килки тақдир ҷуз Худо фарде намеронад, хамўш!
«Ҳофиз, асрори илоҳӣ кас намедонад, хамўш!
Аз кӣ мепурсӣ, ки даври рўзгоронро чӣ шуд?»

ОҚИБАТ
Мухаммас бар ғазали Ҳилолӣ

Хешро дар панҷаи ин ғам фусурдам оқибат,
Ҳамраҳи худ аз ҷаҳон чизе набурдам оқибат,
Дасти ноаҳли дағоеро фушурдам оқибат,
«Ваҳ, чӣ умр аст ин, ки дар ҳаҷри ту мурдам оқибат,
Ҷони ширинро ба сад талхӣ супурдам оқибат.»

Ман накардам хоб бо роҳат ба рўи бистаре,
Ҳам наҷустам дар дили саҳро ба худ ҳамсоғаре,
Дасти ман боло накард дар арса ҳаргиз доваре,
«Гар шикоят доштӣ аз нолаву дарди саре,
Рафтаму дарди сар аз кўи ту бурдам оқибат.»

Чархи дунпарвар маро аз кўчаю кўят биронд,
Дил бирафту дар даруни синаам чизе намонд,
Аз хати ин ҷода ҳарфи дилкашеро кас нахонд,
«Бар лаб омад ҷону дар дил ҳасрати теғат бимонд,
Ташналаб ҷон додаму обе нахўрдам оқибат.»

Дарди ман буд дарди ҷонкоҳу бузургу бедаво,
Ҳеҷ ороме набуд рўзу шабам з-ин моҷаро,
Ашк буд аз пешу ғам таъкид мекард аз қафо,
«Баски омад чун қалам бар фарқи ман теғи ҷафо,
Номи худ аз тахтаи ҳастӣ сутурдам оқибат.»

Нағмапардозӣ накардам ҳамчу булбул дар чаман,
Пои худ нагзоштам бар маҳфилу бар анҷуман,
Тардимоғиям набуд аз сунбулу аз настаран,
«Гаштам аз хайли сагони ў биҳамдиллаҳ, ки ман
Дар ҳисоби мардумон худро шумурдам оқибат.»

Эй ки аз ҳастӣ малолӣ ҳосили умри ту чист?
Дил ба ин дунё кашолӣ ҳосили умри ту чист?
Банди посухи саволӣ ҳосили умри ту чист,
«Эй ки мегўӣ: Ҳилолӣ, ҳосили умри ту чист?
Солҳо ҷон кандам, аз ҳиҷрон бимурдам оқибат.»

МЕКУНАД, Ё НА?
Мухаммас бар ғазали Саққои Бухороӣ

Гузар аз кўчабоғи ғамгусорон мекунад ё на?
Нигоҳи меҳр сўи дўстдорон мекунад, ё на?
Диламро шод аз савти ҳазорон мекунад, ё на?
«Бути сангиндили ман ёди ёрон мекунад, ё на?
Гузоре ҷониби уммедворон мекунад, ё на?»

пешина
аз 103
навбатӣ