Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

«Мову ту дар шоирӣ ҷон медиҳем,
Оқибат дар кунҷи девори сухан».

ПИРӢ
Мухаммас бар ғазали Камол Насрулло

Бар гўши ҷонам ояд ҳардам садои пирӣ,
Наҷми хушӣ натобад андар самои пирӣ,
Ё Раб маро амон бахш аз ҳар хатои пирӣ,
«Акнун куҷо тавон рафт бо дасту пои пирӣ?
Бар ҳоли хеш механд аз моварои пирӣ.»

Бо чашми ақл бингар ин даҳри пурҷафоро,
Як-як биронад аз худ ёрону ошноро,
Хонад ба гўш такрор оҳанги марги моро,
«Ҳарчанд месутуданд пирии босафоро,
Бар зербуни дард аст кохи сафои пирӣ.»

Айёми зиндагонӣ айёми пурхато буд,
Ҳар лаҳзаи тарабзо як дарди бедаво буд,
Аз бухли чархи ахзар дар сина моҷаро буд,
«Чуну чарои олам пеши ту дар чаро буд,
Посух надорад инак чуну чарои пирӣ.»

Афсўс, навхатиро дигар касе наёбад,
Авқоти гумнамуда аз даҳр менакобад,
Осуда кай ба болин пире даме бихобад,
«Пирӣ чу барф резад бар дўш, то натобад
Сад айби нохуши ў бо моҷарои пирӣ.»

Завқе набахшад акнун бар сина нақши Аржанг,
Н-ояд садои кабке бар гўш аз сари санг,
Мўи сафеди худро созӣ ҳамеша гулранг,
«Мурғи ҳавас қафас шуд дар пушти чину ожанг,
Завлонаҳо гаронанд акнун ба пои пирӣ.»

Ҷуз дарди дил надорад пирӣ ба халқ савғо,
Сад ғуссаи ниҳонӣ дар синаҳо диҳад ҷо,
Борони номуродӣ борад ба рўи сарҳо,
«Бо ҳар қадам кунад пахш ў маргро таҳи по,
Аз зери по бихезад рўзе балои пирӣ.»

Дигар раво набошад дар зиндагӣ ғиромат,
Шукрона кард бояд бар соати саломат,
Афсонаҳо нависанд бо хушдилӣ ба номат,
«Не ғуссаву надомат, не шикваи қиёмат,
Бояд ки фазл резад аз ҳар ҳиҷои пирӣ.»

Рўзи саодати мо бегоҳ мешавад, лек
Дар кўдакӣ хатоҳо ногоҳ мешавад, лек
Андар ҷавонӣ ҳар мард огоҳ мешавад, лек

пешина
аз 103
навбатӣ