Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

«Сад ҷурм дар ҷавонӣ ислоҳ мешавад, лек
Войи хатои пирӣ, войи ҷазои пирӣ.»

Бигзоштӣ паси сар ин умри ноаёнро,
Аз ҳарзаҳо нигаҳ дор то зиндаӣ забонро,
Бар роҳ кун ҳидоят як умр дигаронро,
«Оинаест пирӣ то ҳикмати замонро
Хониву панд гирӣ андар намои пирӣ.»

Пир он, ки хештанро бар мулки дил расонад,
Афтодагони раҳро бар манзиле кашонад,
Ҳастии ин ҷаҳонро дар хишти хом хонад,
«Хушбахт бошад он пир, дар роҳ дар намонад,
К-аз хайру некномӣ дорад асои пирӣ.»

ЧӢ МЕБАРӢ
Мухаммас бар ғазали Фарзонабону

Аз даҳр армуғон бо худ чӣ мебарӣ,
Аз ному аз нишон бо худ чӣ мебарӣ,
Ҷуз нолаву фиғон бо худ чӣ мебарӣ,
«Эй дўст, аз ҷаҳон бо худ чӣ мебарӣ,
Эй чун ҳама равон, бо худ чӣ мебарӣ.»

Дурӣ биҷў кунун аз мардуми ҷуҳул,
Судат намекунад на мол, на укул,
Дарёб баҳри хеш як ҷодаи вусул,
«На гул барӣ, на пул бар нуқтаи қабул,
Дар рўзи имтиҳон бо худ чӣ мебарӣ.»

Бар хеш бингарӣ пинҳон зи чашми халқ,
Дар ҷода бигзарӣ пинҳон зи чашми халқ,
Гардӣ ту сар-сарӣ пинҳон зи чашми халқ,
«Чизе агар барӣ пинҳон зи чашми халқ,
Аз чашми Ҳақ ниҳон бо худ чӣ мебарӣ.»

Гар бар сари ҳама ту мешавӣ калон,
Сар то ба пои ту дар зар шавад ниҳон,
Бишморӣ хешро як нахли бехазон,
«Гар даст ёфтӣ бар фатҳи осмон,
Охир ба хокдон бо худ чӣ мебарӣ.»

Ар зистӣ ба даҳр бе ҷурму бе хато,
Дар ҷода доштӣ аз дасти бенаво,
Бар гўши ту расад як рўз ин садо:
«Зебоасолато, фаррухрисолато,
Бар рамзи армуғон бо худ чӣ мебарӣ.»

Оқил ба ин ҷаҳон як лаҳза дил набаст,
Фарде зи доми марг ҳаргиз вонараст,
Ҳар кўза оқибат дар нимараҳ шикаст,

пешина
аз 103
навбатӣ