Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

«Ҳатто ба гўр мурда парокандахотир аст
Аз маҳшари ғалоғулу ғавғои рўзгор».

НОЗБЎИ МАН
Мухаммас бар ғазали Раънои Зоирдухт

Ҳарфи вафо нагуфтаӣ боре ба рўи ман,
Бурдӣ дилам ба ишваи худ нозбўи ман,
Аз бодаи лабат нашуд пур гар сабўи ман,
«Шавқу умед омада дар ҷустуҷўи ман,
Хуршеди шодию фараҳ хандад ба сўи ман».

Аз ту ба ҷуз ту ман дигар кай мекунам талаб?
Сўзам зи оташи ғамат дар байни тобу таб,
Аз ман гузар макун, дигар бар худ маҷў сабаб,
«Ман омадам ба кишвари Субҳ аз диёри Шаб
Рав Соя, рав, наё-наё дигар ба кўи ман».

Аз дарду доғи ман чаро ҳастӣ ту бехабар?
Ҳарфам намекунад дигар бар қалби ту асар,
Бар чашми хунфишони ман боре намо назар,
«Аз латмаҳои бухлу кин гаштам фано, дигар
Инсофу Ростӣ расад бар гуфтугўи ман».

Бар ман чу хоки кўи ту авлост аз Ирам,
Ҷонам фидои номи ту, дигар макун ситам,
Бо рои ҷавр кай кунӣ меҳрат ба сина кам?
«Аз сина рондаям кунун оҳанги яъсу ғам,
Дигар майи хамўшӣ мачў аз сабўи ман».

Бо ишқи осмоният дорӣ ба сина ҷо,
Ояд дилам чу булбулон аз шавқ дар наво,
Кай шавқи васли ту шавад аз қалби ман ҷудо?
«Гўянд: Софии дилу ҷони ту аз куҷо?
Гўям: Зи покии дилу вазъи вузўъи ман».

Бар сўи майкада равам бо хотири пареш,
Дарбохтам ба хотират тақвою расми кеш,
Аз ин гадо макун талаб ҷуз қалби реш-реш,
«Ҳар ҳарф баркашам ба мизони ақли хеш,
В-он гаҳ бигўямаш ба кас, ин аст хўи ман».

Аз дуриҳо ҳамерасад гар хандаҳои шаб,
Бедор мекунад маро ҳар дам садои шаб,
Теғам занад зи тирагӣ шавқат ба ҷои шаб,
«Аз теғи нури шамъ дарад пардаҳои шаб,
Рўшан шавад димоғи гул, Раъно, зи бўи ман».

САЙДИ РАМИДАБАХТ...
Мухаммас бар ғазали Сафар Абдуллоҳ

пешина
аз 103
навбатӣ