ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Эй вой бар асире, к-аз ёд рафта бошад,
Дар дом монда бошад, сайёд рафта бошад.
Ҳазини Лоҳиҷӣ
Ҳайфо, зи додхоҳе, к-аз дод рафта бошад,
Аз чашми норизои устод рафта бошад,
Аз роҳу расми илму эҷод рафта бошад,
«Дардо, агар бузурге, аз ёд рафта бошад,
Бо корҳои нағзаш барбод рафта бошад.»
Дасти фитодаеро номардумон нагиранд,
Афсўс, аҳли олам дар доми дил асиранд,
Аз тири нафс ногаҳ дар рўи раҳ бимиранд,
«Оҳу дареғу дардо, к-ўро надида гиранд,
Ҳамқавмҳову з-эшон ношод рафта бошад.»
Дил хонаи наҷот аст, ин хонаро набинад,
Рухсори пурҷилои ҷононаро набинад,
Хуршеди дилрабои якдонаро набинад,
«Эй вой, ин замона фарзонаро набинад,
Ё ин дуо зи рўзи мелод рафта бошад?»
Аз ҳоли дил напурсад дар ҷодае пизишкам,
Ҳарфе аз он забоне, к аз доғи ў сиришкам,
Ҷўям аз ў нишоне, к аз доғи ў сиришкам,
Ку ёри меҳрубоне, к аз доғи ў сиришкам,
«Фарёд аз замоне, к аз доғи ў сиришкам,
Чун хуни бегуноҳи Фарҳод рафта бошад».
Гулдастаи муҳаббат бар коми дил набаста,
Дар ҷустуҷўи васлем аз хештан нараста,
Ҳосил нашуд дар ин дор ҷуз косаи шикаста,
«Парвиз рафту Чингиз бар ҷойи ў нишаста,
Бар дигар чунин кай бедод рафта бошад?»
Дарё наям, ки бошам як лаҳзае хурўшон,
Аз бори меҳнату ғам бошам зи худ пушаймон,
Бар рўи хони ваҳдат моро даме ту биншон,
«Сайди рамидабахт аст ин миллати парешон,
К-аз ҷо ба як ниҳеби сайёд рафта бошад...»
БИЁ, ДИЛ БАР, ВАЛЕ ДИГАР...
Мухаммас бар ғазали Сафар Абдуллоҳ
Чу Мансур бори дигар рўй бар дорам макун охир,
Ба ҳусни беғубори худ харидорам макун охир,
Ҳамесўзад вуҷудам боз дар норам макун охир,
«Ба дил зори туям, эй нозанин, хорам макун охир,
Ба ҷон ёди туро дорам, ба ҷон зорам макун, охир».
Харидори туям бар ин харидорӣ сабаб дорам,
Зи сўзи ишқ андар синаи худ тобу таб дорам,
Парешонхотиру афсурдаам ҳоли аҷаб дорам,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё