Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҷавониро ту овардӣ ба ёдам,
Аз ин кирдори ту ҳаргиз на шодам.
Ба ёди бўсаҳои шаккаринат,
Зи заъфи пирӣ андар раҳ фитодам.

Ҷаҳон хушбў бувад аз бўйи модар,
Бигарад нур маҳ аз рўйи модар.
Тамоми ганҷи олам ҷмъ созӣ,
Намеарзад ба тори мўйи модар.

Аҷаб зебо бувад лабханди модар,
Каломи хушгувор аз қанди модар.
Ҳама касро ба мақсад мерасонад,
Дуъои беназиру панди модар.

Нахоҳам модаре бемор бошад,
Ба андўҳу ба ҳасрат ёр бошад.
Нахоҳам модаре дар ёди фарзанд,
Шабе то субҳдам бедор бошад.

Чароғи дил фурўзон шуд, куҷоӣ?
Гули шодӣ шукуфон шуд, куҷоӣ?
Биё акнун зи дастони ту гирам,
Бароям нон фаровон шуд, куҷоӣ?

Ҳама дар иду ман дар кор имрўз,
Зи бетолеъиям бемор имрўз.
Зи ман имрўз қасди худ ситонданд,
Будам як фарди нодаркор имрўз.

Занак гуфто, ки бегоҳ мепазам ош,
Маро партофту рафт ҳамроҳи додош.
Ману рўза ду тан бечора мондем,
Ба ҳарфи ваъдаю ғамҳои барчош.

Хаёлоти Шумо пирўз бошад,
Тамоми шоматон чун рўз бошад.
Таманно мекунам аз Ҳақтаъоло,
Ҳама рўзи Шумо Наврўз бошад.

Агар хоҳӣ ҳунармандон бубинӣ,
Гулу себаргаю райҳон бубинӣ.
Марав ҷои дигар, о, Тоҷикистон,
Ҳар он чизе, ки хоҳӣ, он бубинӣ.

Баҳори тоза ҷои дай биёред,
Ба маҳфил лола пай дар пай биёред.
Надорад чун ҷаҳон парвои одам,
Ба рағмаш косаҳои май биёред.

Ба гўшам мерасад форам садоят,
Ниҳам охир сари худ пеши поят.

пешина
аз 103
навбатӣ