Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Солҳои дур аз деҳа, дар Бухоро хондан ва чанд соле дар мадрасаҳои Бухоро дарс гуфтан, ранҷу риёзат кашиданҳо ва дар маҳбасу дар гурезогурез будан ҳамин хаёли ширин дар дилашон. Намози аҳли деҳаро ҳамроҳашон мехонданд, имомхатиб – пешвояшон буданд ва чун баъди адои ҳар намозе аз дари масҷид рӯ ба офтоббаро ба мазори ҳазрат берун мешуданд, даст ба рӯ мебурданд, дуо мехонданд, мурод металабиданд.
Ҳоло ҳам руҳи поки Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф ёрашон шуда, он кас аз дами марг – аз маҳбас раҳо ёфта боз рӯ ба деҳа равонанд.
Аз зери чинори Ака гузаштанд, чинори ягонае, ки садсолаҳо дар даромадгоҳи деҳа мавҷуд аст, чинори сершохубарги сар ба осмон. Чаро онро чинори Ака мегӯянд? Шояд мардум аз ин ҷиҳат фикр намекунанд, эътибор намедиҳанд. Шояд замоне онро шахсе шинонда, об додаю парвариш карда, ки Ака ё эшони Ака ном дошт. Аз ин рӯ, баъди сараш чинораш бо номи ӯ зикр мешавад. Аз хок шудани эшони Ака кӣ медонад чанд садсола гузаштаю аз ӯ ном монда.
Эшони домулло Мирзо хело ба чинори сари роҳ, ба чинори Ака, ки сар то охир шоху навдаҳояш таги барф монда буд, назар андохтанд, истоданд ва боз роҳакӣ шуданд. Дар ду канори роҳашон боғ, боғи эшони Қорисӯфӣ, боғи эшони Абдулмӯъмин, боғи эшони Теша ва баъд зардолузор, боғчаи Қаҳҳор ва баъд хонаҳои аҳли деҳа, кӯчаҳои каҷу килеб, роҳравҳо, рӯи бому дар, ҳама бо барф пӯшида шуда. Олам сап-сафед, офтоби пагоҳ аз осмони мусаффо рух намуда, оламро зебоие фаро гирифта, зебоӣ баъди барф ва дами парешон гаштани нурҳои заросои офтоб. Эшони домулло Мирзо деҳа, боғу майдон, одамони онро пазмон шудаанд.
Имрӯз Худо насибашон карда, ки ба деҳаашон биоянд.

пешина
аз 182
навбатӣ