Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дар поён ғори ба назар бетаг, ваҳмовар. Андаке қадам беҷо ниҳад, дигар худро нигоҳ дошта натавониста якнима нишеб мешуд. Дасту дил аз дунё мешуст, сарнагун ба ғор, ба чуқурии бетаги он мерафт.
Писар бо ҳоли пуразоб, бо дили пурҳарос бо хаёли падар роҳ мерафт. Аз куҷо он кас пайдо мешуда бошанд? Дар шабӣ чӣ тавр ба ин ҷойҳо роҳ ёфта омадаанд?
Роҳ мерафт Меликхоҷа. Ниҳоят овози пурмеҳри падар ба гӯшаш омад. Ба баландӣ, ба тарафи сангҳои азими калон-калон назар бурд.
– Меликхоҷа, бачам, – шунид нидои падарро.
Паҳлӯи санги якнимашудае меистоданд. Дар сар саллаи сафед, либосҳояшон аз барф ҳам сафедтар. Рӯ ба Меликхоҷа, рӯ ба офтоб буданд. Нурҳои офтоб ба чашму рӯяшон афтода. Меликхоҷа афтодаю хеста, буттаҳо, сангҳоро дошта, ҷониби падар, ба баландӣ мебаромад. Дар паси санг – даруни куҳ ковокие, калфи азим. Ба мисли хона кушод, васеъ. Аз афташ пеш ҳам ин ҷо одамон омада ва зиста будаанд. Сангпораҳо болои ҳам чида шуда, дегдон буда. Сангҳо сиёҳ шуда, дудхӯрда, дудзада. Дар як канор ҳезум – шохаҳои хушк ғарам. Падар алов дар гиронда, дасту панҷаҳояшонро гарм мекарданд. Ба Меликхоҷа ҳам дар лаби гулхан, дар паҳлӯяшон ҷой доданд.
– Насибамон ҳамин будааст, бачам, гурезогурез, азоб. – Ҳарчанд падар пеши фарзанд алами дил изҳор карданӣ набуданд, лек ин ҳарфҳо ба забонашон омад ва ба даруни калфи санг, ба сангпораҳо назар андохтанд.
– Хона намеравед?
– Ҳама ҷоро кофтанд?
– Модарам гуфтанд, ки кофтанд, мо хоб будем.

пешина
аз 182
навбатӣ