Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Бедор нашудед?
– Не.
– Модарат дигар ҳеҷ чиз нагуфтанд! Ягон таъйин накарданд? – Падарам дар деҳа ягона нафаре буданд, ки завҷаашонро аз рӯи эҳтиром шумо мегуфтанд.
– Гуфтанд, ки шуморо кобем, шуморо ёбем.
– Дигар намеомадаанд?
– Намедонам.
Рӯз қариб бегоҳ шуд. Офтоби рӯзи зимистон кайҳо ба паси куҳ гашта ба ҳама ҷо соя афтода буд. Меликхоҷа назди падар, ҳамроҳашон менишаст. Дили падарро миёни куҳсорон танҳо гузошта ба хона баргаштан надошт.
Аз рӯи маслиҳати қумандони атратҳо Қувондиқ минбаъда рӯзу шабҳои эшони домулло Мирзо даруни калфи санг, дар куҳ мегузашт. Наздашон шогирдон меомаданд. Даруни калфи санг ба мисле хона, мактаб.
Гилемҳои пашмини тахта – тахта сиёҳу сафеди ӯзбекибофт густурдашуда. Болои кӯрпача ва болиштҳо китоб, рангдон, коғаз. Дегдон, табақ, пиёла, чойник.
Хӯрок мепухтанд, чой дам мекарданд, оташи дегдон ҳамеша фурӯзон. Нафаре бо табар ҳезум мешикаст, шохаҳои хушки писта, арча, чӯбпораҳоро дами оташдон рӯи ҳам мечид. Назди эшони домулло китобҳо рӯи ҳам чида шуда. Китоби Қуръони Карим. Китоб мекушоданд, ба шогирдон сабақ медоданд. Қариб ҳар рӯз ба Меликхоҷа мефармуданд, ки фалону бисмадон китобро биорад. Ба хаёли ӯ қариб ҳамаи китобҳои хонаро ба ҳузури падар оварда. Ҳушу хаёли падар ба китобҳо, бо китобҳо дар гуфтор, дар сӯҳбат. Дур аз хона мезистанд.
Аммо аҳли байташон осуда, ором, бехавфу ҳарос набуданд, атратҳо қариб ҳар рӯз ба хона меомаданд, эшони домулло Мирзоро мекофтанд, хонаҳои аҳли деҳ медаромаданд, таҳковӣ мекарданд, гап мегирифтанд, дар куҷо будани домулло Мирзоро мепурсиданд.

пешина
аз 182
навбатӣ