Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Мардум, хурду калон, албатта ҷои пинҳон шудаи эшони домулло Мирзоро медонистанд, бохабар буданд. Лекин қавми лақайро одати неке буда: ҳама якгапа, якдаҳон, яксухан. Хиёнат намекарданд, эшони домулло Мирзоро пинҳон медоштанд, шабу рӯз нигаҳбонашон буданд.
Одамони ҳукумат ҳарчанд, ки борҳо ба ҷустуҷӯи эшони домулло Мирзо ба деҳаи Бедак омада, он касро наёфта бармегаштанд, лекин аз дастгир шуданашон умедашонро намеканданд, ҳис намуда буданд, ки домулло дар ҳамин ҷоҳоянд. Шабу ними шаб меомаданд, мекофтанд, «домуллоро ёбед, ҷояшро гӯед, пинҳон надоред», сиёсат, пӯписа мекарданд ҳамаро. Аҳли деҳа, хурду калон ба туфайли он кас дар азоб. Худи домулло, аҳли хонадонашон ҳам дар азоб. Қувондиқ ҳам гӯё дигар ба эшони домулло Мирзо ёрӣ расонда наметавонист.
Як шогирдашон, муаллим – муаллими мактаби деҳаи Кабку, дигар дӯсти меҳрубонашон аз ҳамин деҳа раиси колхоз Тӯрақул минбаъда пинҳон кардани эшони домулло Мирзоро ба ӯҳдаи худ гирифтанд. Гуфтанд, ки домуллоро ба деҳаи худашон – ба Кабку мекӯчонанд.
Албатта дар он шабу рӯзи хунуки зимистон аз як ҷо ба ҷои дигар кӯч кашондан осон набуд. Касе дар фасли зимистон ҷои гарми худро хунук намекунад. Лекин аҳли оилаи эшони домулло Мирзо ноилоҷ монда буданд, аз туфайли падар ба сари тифлакони хурдсол ҳам рӯзи сахт омада. Падаршон «гунаҳгор», ҳама хурду калон дар рӯзҳое ки барф аз боридан намемонд, дар рӯзҳое ки ба гуфтае сагро занӣ, аз хонааш намебаромад, ҳавлӣ, хонаҳои гармашонро холӣ карданд. Аз рӯи маслиҳат шаб, ки барф акнун аз боридан монда, осмон софу беолоиш, ситоразор гашта буд, моҳи пурра олами бо барф пӯшидашударо равшан мекард, ҳусн медод, аҳли оила пиёдаю савора рӯ ба роҳи деҳаи Кабку оварданд.

пешина
аз 182
навбатӣ