БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

МЕҲРИ МОДАР
Кампири Сабрия аз кӯчаҳои сокиту хомӯши деҳа роҳ мерафт. Барф меборид. Барф болои рӯймоли нимдошти ба сар печондаи ӯ меафтод, рӯи роҳ ба тадриҷ сафед мешуд. Пиразан ҳар бегоҳ вақтҳои охир ҳамин хел аз хонаҳои ҳамсояҳо дер меояд. Боэҳтиёт дарвозаро кушода, ба хоначааш даромада сар ба болин мениҳад. Вай барои он дергоҳи шаб ва боэҳтиёт ба хонааш меояд, ки келину писараш бедор нашаванд. Аз рӯзе ки ӯ ба хона келин овард, ҳолаш ҳамин. Ситораи кампири Сабрия ба вай нафорид. Аз як ҷиҳат, аз дил мегузаронад ӯ, дуруст аст, ки духтарак аз вай ҳазар мекунад. Ӯ пири фартуту бадард шуд. Шабу рӯз «пуҳ-пуҳ» месулфад, гӯшу майнаи ҳамаро хӯрдааст. Мӯйҳояш сапсафед, чашмонаш чӯкидаанд, ожангҳои рӯю пешонааш огарди замини шудгоршуда барин, халтаҳои пеши чашмонашро намегӯед. Худашро дар оина бинад, меҳаросад. Офарин ба духтари мардум, албатта, ҳазар мекунад.
Кампири Сабрия як одати дигар ҳам дорад: танҳо ки монд, худ ба худ ё гап мезанад, ё ғазалу рубоиҳои медонистагиашро говзанбӯр барин «бинг-бинг» мехонад, ҳофизӣ ҳам мекунад. Ҳамин одат ба вай баъди марги шавҳараш ёр шуд. Ана, дигар аз ин одат ҷудо шуда наметавонад. Баъде, ки келин фуровард ӯ, он ба сараш бало шуд. Ин духтар ба тамоми деҳа овоза кардааст, ки аз хушдоманаш меҳаросад, дар хона аз вай дилаш ваҳм мекунад. Одами сиҳат наход худ ба худ гап зада шеъру ғазал хонад, девона аст ин кампир. Модари келин ҳам занаки берӯй будааст, ду пойро ба як мӯза тиқондааст, ки духтарашро мебарад, духтари бесоҳиб надоштааст, ки ҳамроҳи кампири девона зиндагӣ кунад, фарзандаш ба вай азиз будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё