БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Ба Талбак ӯ гуфтааст: агар ба вай оғӯши гарми зани хушрӯ форад, илоҷи модарашро ёбад.
Баъди ҳамон рӯзҳо кампири Сабрия тарки одат карданӣ шуд. Вале ин одат ба шир надаромада бошад ҳам, аз афташ, ба ҷон мебаромадагӣ барин. Соатҳо забонашро таги дандон мегирад, гап назанам мегӯяд. Вале намешавад, аз ёдаш меравад, боз забонаш кушода мешавад.
Вай як рӯз бо ду гӯшаш шунид, ки келин ба Талбакҷони ӯ гуфт:
– Модаратро пеш кун, гӯй аз хона равад.
– О, вай кам гап мезадагӣ шудааст-ку, – дар забони Талбак садқа шавад, ки ӯро тарафгирӣ кард. Ба ҳар ҳол ӯ ҷигарбанд, дилаш ба модар месӯзад, ғами ӯро мехӯрад.
– Гап назанад ҳам, афташ хунук, аҷинаҳо барин, аз вай метарсам, агар аз хона гум нашавад... ман меравам.
Ана ин гапи вай ганда буд. Наход кампири Сабрияро аз хонааш пеш кунанд? Талбакҷонашро монда вай куҷо меравад? Як нафас ӯро набинад, дилаш гуму гиреҳ мехурад, девона мешавад. Дар дунё ҳамин як Талбак дорад модар, яккаю ягона.
– Оча, сарҳисобамро гум кардам. Рӯзам сиёҳ мешудагӣ барин. Келинат баромада меравам, мегӯяд, худат медонӣ вайро ман нағз мебинам. Баъд ҳолам чӣ мешавад? – ҷигарбандаш лаб газид ва чашм аз ӯ гурезонд.
– Куҷо равам, бачам, ман дигар ҷои рафт надорам.
Якрӯза мурдаи ман аз хонаи худат мебарояд. Ҳамаи орзуву умедам худат. Бо нӯки оташков ба ман нон те, пасмондаатро эб бину аз хонаат пеш накун, бачам, садқаат мешавам, бачам, – модар гиря кард. Талбак муддате хомӯш истод, илоҷи воқеа ҷуст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё