БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

– Ду-се бача лозим мегум.
– Чӣ мекунӣ?
– Ангур чиндем, хона мебиёрем, гуфтум-ку.
– Домодат канӣ?
– Помир рафтай, боз мошинуш вайрон буд, намедонум, чӣ ҳол кашид.
– Ҳеҷ бало намешавад, амакӣ, мебиёяд.
Пирамард ноумед шуда аз назди онҳо рафтанӣ буд.
– Истед, – муаллим Содиқи Ҷаъфар ӯро аз роҳ гардонд. – Ман ба шумо талаба медиҳам, – Содиқи Ҷаъфар аз ҷой хест.
– Талабаҳоро аз дарс мебароред?
– Бачаҳои синфи даҳ муаллим надоранд. Баъд боз дарси худам.
– Медонам, лекин шумо ҳақ надоред, муаллим, мумкин нест. Талабаҳоро директор ҷавоб медиҳад.
Содиқи Ҷаъфар ба мудири мактаб гӯш надода, аз паси пирамард Бӯрӣ аз ҳуҷра баромад. Ризои Раҳмон аз ӯ ранҷид. Ҳамон рӯз ва шаб хаёлаш ба муаллими худаш ёфта оварда буд. Ӯро писанд накард ин одам, дар назди мӯйсафеди Бӯрӣ барин одами бесавод гапашро нагирифт, ба ӯ гӯш надод. «Худам талаба ёфта медиҳам», гуфт. Бӯрӣ акнун дар маъракаҳо мегӯяд: муаллимаш гапи Ризои Раҳмонро ба як пул нагирифт, қанд занад, офарин. Ин гапҳо аз як бурҷи даҳони ӯ мебарояд, андеша надорад, ба ин бефаросат Худо медиҳад.
Ба ӯ чӣ гӯяд? Ба ҳуҷрааш ораду ҳақорат кунад, аз хекиртакаш гирифта ҳушашро ба сар биёрад?... Ҳамин хел хаёлҳо қатӣ пагоҳ ба мактаб мерафт ӯ. Хонандагон, муаллимон ба вай салом дода, аз наздаш мегузаштанд.
Ана, муаллим Содиқи Ҷаъфар ҳам ҳамон папкаи чармини кабуди пури китоб дар таги каш пеш-пеши ӯ мерафт. Ҳар рӯз вай ҳамин хел бармаҳал ба мактаб меояд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё